Activities calendar

20 августа 2020

Моҳҳои гузашта 2416 нафар хонандагони шуъбаи хизматрасонии библиографӣ 3929 китоб дархост кардаанд

Дар моҳҳои сипаригаштаи соли равон шуъбаи хизматрасонии библиографӣ ба 2416 нафар хонандагон хизмат расонида, ба онҳо барои мутолиа 3929 китоб пешниҳод кардааст. Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ яке аз сохторҳои асосии   Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, соли 1938 ташкил ёфтааст. Фонди умумии шуъба айни ҳол 15210 нусха китобро ташкил дода, 9535-нусха китоби гуногун, 4095-нусха маҷалла, солнома ва бюллетенҳо 1580-нусхаро ташкил 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Отаҷон Пайрав Сулаймонии Бухороӣ

Таваллуд – 15 апрели 1899 мелодӣ дар Бухоро. Зиндагониаш низ дар Бухорост. Аз дастхати худи Пайрав, ки ба илтимоси фақир навишта фиристода буд:

Ғазал

Гар ту дар пайванд бошӣ, аз ҷаҳонам бок нест,

Зарра бо хуршед пайвандад, ғаме аз хок нест. 

Аз гирифторони фитрокат сару сомон маҷўй,

Хомаи аҳли ҷунунро нуқтаи идрок нест. 

Доробнома. Достони шӯрангези қаҳрамонӣ

​Доробнома яке аз куҳантарин достонҳои омиёнаи форс-тоҷик. «Доробнома»-ро ба Абутоҳири Тарсусӣ нисбат медиҳанд. Аз рўи маъхазҳо Абутоҳири Тарсусӣ дар асри 11 зистааст ва достонҳои ў низ ба он замон тааллуқ доранд. Достонҳое чун «Абумуслимнома», «Искандарнома», «Қаҳрамоннома», «Мусайибнома» ва чанд достони дигар низ ба ў нисбат дода мешаванд.

Рўзгори зиндагии Абутоҳири Тарсусӣ ва пайдоиши «Доробнома» дуруст маълум нест. Дар нусхаҳои дастнависи ривояти туркии «Абумуслимнома» гуфта мешавад, ки Абутоҳири Тарсусӣ ин достонро дар ҳузури