Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд....

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял, 
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Ин одами доно ва хирадманд, ки ба ҷуз банди аҷал дигар ҳамаи мушкилоти ҷаҳонро ҳал кардааст, Абўалӣ Синост. Бале,  ҳамон Абўалӣ ибни Сино, ки бо асарҳои оламгири худ дар Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб машҳур гаштааст. Абўалӣ ибни Сино бузургтарин симои илмӣ ва яке аз шахсони донишмандтарини асрҳои Х-Х1 буд, ки дертар дар Европа бо номи «Авитсенна» машҳур гардид. Абўалӣ ибни Сино фарзанди халқи тоҷик аст. 18 – уми августи соли 980 дар деҳаи Афшонаи Бухоро таваллуд ёфтааст. То синни 5-солагӣ дар ҳамин деҳа ва сонӣ дар Бухоро тарбия мегирад. Падари Абўалӣ ибни Сино – Абдулло, ки шахси илмдўст буд, барои таълим ва тарбияи фарзандонаш ғамхории калон зоҳир менамуд. Абўалӣ ибни Сино то даҳсолагиаш забон ва адабиёт меомўзад. Баъд падараш ўро ба назди Маҳмуди Масоҳ, Исмоили Зоҳид, Абўабдуллои Нотилӣ ба шогирдӣ мемонад, ки онҳо ба ў ҳисоб, ҳандаса, фиқҳ ва фалсафаро дарс медиҳанд. Дертар, пас аз рафтани муаллими фалсафа Нотилӣ Абўалӣ ибни Сино ба худомўзии илмҳои табиатшиносӣ машғул шуд ва махсусан ба тиб рағбат пайдо кард.   

 

Бо ёрии табиби машҳури Бухоро Абўлмансури Камарӣ ин илмро мукаммал омўхт ва ба муолиҷаи беморон шурўъ кард. Ба назди табиби 16-сола аз ҳар куҷо беморон барои табобат меомаданд.

Абўалӣ ибни Сино дар синни 22-солагӣ пас аз шикаст хўрдани давлати Сомонӣ ва вафоти модараш ба Хоразм меравад. Вале дар ин ҷо ҳам вай фаъолияти илмии худро бо осудагӣ давом дода наметавонад, зеро султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз паи чандин касон, аз он ҷумла Абўалӣ ибни Сино, афтида буд. Олимон, шоиронро дар дарбори худ ҷамъ намуда, Маҳмуди Ғазнавӣ онҳоро на барои ривоҷ додани илму адабиёт, балки барои мадҳ кардани ғоратгариҳояш истифода мебурд. Абўалӣ ибни Сино ба Хуросон меояд. Султон Маҳмуд аз саркашии Сино хеле дар ғазаб шуда, фармон дод, ки дар куҷое ки набошад, ўро дастгир намоянд. Ин хабарро шунавида Абўалӣ ибни Сино аз Нишопур ба Ҷузҷон ва пас аз он дар шаҳрҳои гуногуни Эрон гоҳ махфӣ ва гоҳ ошкор зиндагӣ карда, ҳеҷ оромӣ наёфт.

Ба ҳамаи сахтӣ ва маҳрумиҳо нигоҳ накарда, аз мутолиаи китоб, навиштани асарҳои пурқимат, муолиҷаи беморон даст намекашид. Аммо  азобу машаққати оворагардӣ ва таъқибу озорҳо бетаъсир намемонданд, организми матини Абўалӣ ибни Синоро заиф мекарданд.

Дар таърих Абўалӣ ибни Синоро Шайхурраис, яъне сардори олимон номидаанд, чунки вай тамоми илму дониши замони худро ҳаматарафа омўхта, дар муддати чандин аср дар Шарғу Ғарб таъсир ва нуфузи зиёде дошт. Кўшишҳои Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино дар роҳи тараққии илм барои халқи тоҷик шаъну шараф ва барои наслҳои баъд намуна буданд. Абўалӣ ибни Сино дар муддати умри кўтоҳи худ дар соҳаи илмҳои гуногун бештар аз 150 асар навиштааст. Аввалин асари ў, «Алмаҷмўъ» мебошад, ки дар синни 21-солагӣ таълиф карда буд. Аз муҳимтарин асарҳои ў «Китобушшифо» аст, ки аз 18 ҷилд иборат буда, фалсафа, мантиқ, математика, табииёт, мусиқӣ ва дигарҳоро дар бар мегирад, ки онро қомуси тамоми донишҳои он замон мешуморанд. «Китобушшифо» ба тараққии фикрҳои илмии Шарқу Ғарб таъсири калон бахшидааст.        

Абўалӣ ибни Сино оид ба тиб 16 асар эҷод намудааст, ки машҳуртарини онҳо китоби «Алқонун» мебошад. Дар ин китоби 5-ҷилда ғайр аз масъалаҳои анатомия, патология ва ғайра дар бораи касалиҳои вараҷа, тоун, вабо, нағзак, сурхча ва дигарҳо, махсусан дар бораи ба вуҷуд оварандагони ноайёни ин касалиҳо (микробҳо) Абўалӣ ибни Сино маълумоти муҳимме додааст. «Алқонун» дар Европа хеле маъруф гардид. Дар асри Х11 Герард Кремонский «Алқонун»-ро ба забони лотинӣ тарҷума намуд, ки он дар соли 1473 дар шаҳри Милан чоп шуд. Ин китоб ба забонҳои халқҳои Европа 30 маротиба нашр карда шудааст. Табибон «Алқонун»-ро то асрҳои XVII-XVIII аз мўътабартарин китобҳои тиббӣ дониста, беморонро аз рўи он муолиҷа мекарданд.

Дар Шарқ ин китоб ҳамоно баъд аз навишта шуданаш дар миёни тамоми асарҳои тиббӣ ҷои якумро ишғол карда буд. Аксарияти асарҳои Абўалӣ ибни Сино ба забони арабӣ навишта шудаанд. Вале вай ба забони модарии худ – тоҷикӣ низ асарҳо эҷод кардааст, ки машҳуртаринашон: «Донишнома», «Рисолати набз», «Рисолати илми пешин ва барин», «Рисола дар адли подшоҳӣ», «Мантиқи форсӣ», «Зафарнома», «Рисолаи тилисмоти форсӣ» ва дигарҳо мебошанд.  

Абўалӣ ибни Сино ҳамҷун шоир низ шўҳрат ёфтааст. Вай шеърҳои худро ба забони тоҷикӣ ва арабӣ эҷод намудааст.

Шеърҳои тоҷикии Абўалӣ аз рубоиёт ва қитъаҳо иборатанд. Рубоӣ ва қитъаҳои ў бештар дар мавзўъҳои ахлоқӣ, фалсафавӣ ва танқидӣ навишта шудаанд. Ва аз ин рў, ўро рўҳониён ва дигар гурўҳҳои реаксионӣ кофиру бедин дониста, аз паси озор ва таъқиби ў мекўшиданд. Сино ҳамин душманони ғоявии худро дар назар дошта ин рубоиро гуфтааст:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.  
Ҳар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ў на ҳар аст, кофираш мехонанд.

Хизмати Абўалӣ ибни Сино дар пеши инсонияти пешқадами ҷаҳон хеле бузург аст. Вай аз он шахсони бузурге буд, ки дар торикии асри миёна чароғи илму донишро фурўзон кардааст.

Абўалӣ ибни Сино дар саҳни илму фанни ҷаҳонии асрҳои Х-Х1 мисли қуллаи осмонхарош сар ба фалак кашида буд.  Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ соли 1952 қарор кард, ки инсонияти тараққипарвари имрўза Абўалӣ ибни Синоро ҳам дар қатори дигар мардони бузурги таърихӣ хотирнишон кунад.

Абўалӣ ибни Сино соли 1037 дар синни 57-солагӣ дар Ҳамадон вафот кард.

Бозчоп аз “Тақвими ҷашн ва
санаҳои РСС Тоҷикистон
барои соли 1965”,
Душанбе, Ирфон, 1965. Саҳ. 105-108

Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ