Activities calendar

26 августа 2017

Алберт Леонидович Хромов – забоншиноси борикназар ва муҳаққиқи забони яғнобӣ

Шодравон А.Л.Хромов – донишманди нуқтасанҷи забоншиноси шинохта, топонимисти машҳур ва яке аз эроншиносони кишварамон буд.

Ў  28 – уми августи соли 1930 дар шаҳри Новгороди  Федератсияи Русия дар оилаи афсари  ҳарбӣ чашм ба арсаи ҳастӣ кушодааст. Соли 1954  шўъбаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи  М.В. Ломоносовро хатм

Ҳуте – дилбохтаи назми оламгири Шарқ

Ҳуте Иоҳанн Волфганг шоир ва мутафаккири олмонӣ, табиатшинос ва яке аз чеҳраҳои матраҳи илм ва фарҳанги ҷаҳон аст. Шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, олимест, ки фалсафааш пайравони зиёде дар ақсои олам пайдо карда.

28-уми августи соли 1749 дар шаҳри Франкфурти лаби Майн дар оилаи мушовири империя таваллуд шудааст. Дар донишгоҳҳои Лейпсиг солҳои (солҳои 1765-1768) ва Страсбург (солҳои 1770-1771) таҳсил кардааст.

Аввалин маҷмўаи шеърҳояш соли 1769 нашр шуд. Шеърҳои

Аҳмади Шомлуро ҳам бояд шинохт

Ҳам шоир буд ва ҳам рӯзноманигор, ҳам нависанда ва ҳам фарҳангнавис, ҳам пажӯҳишгар ва ҳам мутарҷим. Ҳунари ровигӣ дошт, ғазалиёти классиконро хеле хубу ҷолиб мехонд. Садои ҷаззоб дошт, шеърро ба маъно мехонд, аз қироаташ кас ба маънии шеър мерасид.

Аҳмади Шомлу аст ва бо тахаллуси Бомдод шеър гуфтаву нависанжагӣ карда. Соли 1925 дар Теҳрон таваллуд шудааст. Дар давраи  ҷавониаш шеърҳои худро бо тахалуси Алиф бомдод ва Алиф субҳ мунташир мекард. Дар ҳаракатҳои демократӣ ва миллии

Зи ту, устод, моро сарбаландист

Зикр бомаврид аст, ки саҳми устод дар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»,  «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва ғайра бениҳоят назаррас мебошад.

Шукўҳи рўзгоронӣ, устод,
Сафои илму ирфонӣ, устод.
Ту  инсонро ба мақсад мерасонӣ,
Аҷаб хуршеди тобонӣ  устод.