Шодравон А.Л.Хромов – донишманди нуқтасанҷи забоншиноси шинохта, топонимисти машҳур ва яке аз эроншиносони кишварамон буд.
Ў 28 – уми августи соли 1930 дар шаҳри Новгороди Федератсияи Русия дар оилаи афсари ҳарбӣ чашм ба арсаи ҳастӣ кушодааст. Соли 1954 шўъбаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М.В. Ломоносовро хатм намуда, ба Тоҷикистон меояд ва тўли даҳ соли аввал ҳамчун ходими хурд ва сипас, ходими калони илмии бахши луғати Пажуишгоҳи забон ва адабиёти АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад.
Соли 1962 олими ҷавон зери роҳнамоии устоди худ профессор В.С.Расторгуева дар мавзўи “Шеваҳои Мастчоҳи забони тоҷикӣ” рисолаи номзадияшро бомуваффақият дифоъ менамояд.
Солҳои 1964-1968 мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба ўҳда дошт. Солҳои 1868-1971 омўзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва дотсенти ин даргоҳ буд.
Ў соли 1970 дар мавзўи “Таҳқиқоти таърихӣ- забоншиносии Яғноб ва болооби Зарафшон” рисолаи докториашро дифоъ кардааст ва соли 1971 ў сазовори унвони профессор мегардад.
Мавсуф аз соли 1981 то охири умраш ба ҳайси ходими калони илмии Пажўишгоҳи шарқшиносии АУ ҷумҳурӣ ва омўзгори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Фаъолияти илмии олим ба таҳқиқи шеваҳои забони тоҷикӣ, забонҳои яғнобию суғдӣ, масъалаҳои мухталифи топонимияи таърихию қонунии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, омўзиши муқоисавии забонҳои эронӣ, таърихи филологияи Эрон, гуфтори забонҳои мардуми эронинажод ва ғайраҳо бахшида шудаанд.
Бозчоп аз “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон 2005. – Душанбе: Эҷод, 2004. – С. 24-25.
Дар Китобхонаи миллӣ аз навиштаҳои Алберт Хромов ва дар бораи ӯ ин матолиб дастрас аст:
Осор
Мурватов, Ҷ., Неменев,Р.Л., Хромов,А.Л. Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ. –Душанбе: Дониш,1979. –259 с.
Хромов, А.Л. Говоры таджиков Матчинчского района. – Душанбе: АН Таджикской ССР, 1962. – 215 с.
Хромов,А.Л. Ягнобский язык. – Масква: Наука, 1972. – 206 с.
Хромов,А.Л. Очерки по топонимии и микротопонии Таджикистана. – Душанбе: Ирфон, 1975. – Вып.1. – 86 с.
Дар бора профессор Хромов
Забоншиноси тоҷик: Альберт Леонидович Хромов // Яғмо (Теҳрон). – 1345 (1965). – №1. – С. 31.
Бобоев, А. Олимони тоҷик ва нашрияҳои мамлакат // Маориф ва маданият. – 1970. – 10 март.
Мурватов,Ҷ. Ҳайдаров, Ш. Марди илм // Газетаи муаллимон. – 1981. – 21 феврал.
Юнусов, А. Ҳайдаров, Ш. Алберт Леонидович Хромов: Библиография / Отв. ред. В. А. Капринов, Дж. Мурватов. – Душанбе, 1983. – 64 с.
Хромов Алберт Леонидович // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.8. – С. 32.
Ҳайдаров, Ш. Таҳқиқгари Мастчоҳ // Машъал (Мастчоҳ). – 1981. – 10 март.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ