Видео

Дар рӯзи дарҳои кушод ҳудудан ду ҳазор нафар аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд

Ҳудудан ду ҳазор нафар сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвар аз субҳ то анҷоми соати корӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд. Аксари онҳо донишомӯзони мактабҳои олии кишвар буданд, ки имсол шарафи донишҷӯ шудан насибашон шудааст. Зумрае меҳмонони пойтахт аз навоҳии атрофи шаҳри Душанбе ва чанд тани дигар афроди хориҷӣ аз ҷумлаи сайёҳон буданд.
Аз сари субҳ кормандони Китобхона чун анъанаи

Сайфиддин Назарзода: Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги хонумонсӯз хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон наҷот дод

Профессор Сайфиддин Назарзода бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро аз гирдоби як ҷанги хонумонсӯз хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон наҷот дод.
Директори Китобхонаи миллӣ, ки ахиран дар барномаи “Асолат”-и телевизиони “Сафина” суҳбат мекард, гуфт, ки «Мардуми тоҷик мардумест,  дар тамоми муддати таърихе, ки дар сарзамини худ зиндагӣ кардааст, ҳуҷуми бениҳоят зиёд ақвому халқҳои бегонаро дидааст.  Чунончӣ муҳаққиқи рус

Раванди ҷаҳонишавӣ аз нигоҳи профессор Сайфиддин Назарзода

Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо ибрози назар дар бораи раванди ҷаҳонишавӣ гуфт, ки “фарҳангҳои пурқудрат ҳама вақт дар тамоми таърихи инсоният сари фарҳангҳои хурду кўчак бартарӣ доранду оҳиста –оҳиста онҳоро фурў мебаранд. Чаро? Зеро ин ҳодисаи табиии таърихӣ аст. Пайванди фарҳангҳо пеш аз ҳама дар натиҷаи алоқаи байни онҳо пайдо мешавад.

Шиносоӣ бо Китобхонаи миллии Малайзия (Видео)

Директори кулли Китобхонаи миллии Малайзия хонум Дато Нафиса Аҳмад хостори ширкати намояндаи Тоҷикистон  дар Конфронси байналмилалии «Нигаҳдории дастхатҳои қадима» шуд. Қарор аст ин конфронс бо ширкати зиёда аз 4,5 ҳазор нафар аз беш аз 80 кишвари олам моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Малайзия баргузор шавад.
Хонум Нафиса Аҳмад дар як мулоқоташ бо

Саховати рамазонии Китобхонаи миллӣ (Видео)

Бахшида ба Иди фитр туҳфаҳои хайриявии маъмурият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии «Хонаи кўдакон»-и № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе расид.
Субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ бо сарварии Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода ба муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и рақами 1 рафтанд ва як миқдор кӯмакҳои хайрияивро ба

Страницы