Директори кулли Китобхонаи миллии Малайзия хонум Дато Нафиса Аҳмад хостори ширкати намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии «Нигаҳдории дастхатҳои қадима» шуд. Қарор аст ин конфронс бо ширкати зиёда аз 4,5 ҳазор нафар аз беш аз 80 кишвари олам моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Малайзия баргузор шавад.
Хонум Нафиса Аҳмад дар як мулоқоташ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия М.Муҳаммадӣ дар бораи гузашта ва имрӯзи бузургтарин китобхонаи кишвараш маълумот дод. Сарвари Китобхонаи миллии Малайзия ҳамчунин гуфтааст, ки то соли 2020 ҳамаи китобҳои ин боргоҳи маърифату дониш ба шакли электронӣ гузаронида хоҳанд шуд.
Китобхонаи миллии Малайзия соли 1956 дар шаҳри Куала-Лумпур таъсис ёфтааст. Он ҳамчун объекти дорои арзиши мероси фарҳангии халқҳои Малайзия буда, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҳамоҳангсозӣ, роҳбарӣ дар хадамоти рушди китобдорӣ, идора ва таъмини дастрасии озоди захираҳои иттилоотии миллӣ ва хориҷӣ маҳсуб мешавад.
Китобхонаи миллии Малайзия дар тобеияти Вазорати сайёҳӣ ва фарҳанги кишвар буда, маркази китобдорӣ барои китобхонаҳои кишвар ба шумор меравад.
Роҳҳои пуррагардонии фонди Китобхона асосан бо тариқи харидорӣ, тўҳфа ва мубодила амалӣ карда мешавад. Китобхонаи миллии Малайзия барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди истифода қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии малайӣ саҳми калон дорад. Дар шуъбаи дастхатҳои Шарқи Китобхона имрўз зиёда 4800 нусха дастхатҳо ба забонҳои гуногуни халқиятҳои Малайзия нигоҳдорӣ карда мешавад.
Имрўз фонди умумии Китобхонаи миллии Малайзия зиёда 4,5 миллион нусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 98406 нусха китобҳои электронӣ, 158356 маводи рақамӣ мебошад, Дар сохтори Китобхона шуъбаҳои бақайдгирии хонандагон, дастхатҳои Шарқ, адабиёти малайӣ, адабиёти хориҷӣ, адабиёти кўдакона ва ғайраҳо фаъолият мекунад.
Дар Китобхонаи миллии Малайзия истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Он дорои толорҳои замонавии бо технологияи муосир таҷҳизонидашуда мебошад. Барои хонандагони синни томактабӣ ва мактабӣ толорҳои махсус мавҷуд буда, онҳо бо компютерҳо ва планшетҳо таҷҳизонида шудаанд. Барои истироҳати хонандагон толорҳои истироҳатӣ барои тамошои маводи видеоӣ ва гўш кардани радио низ мавҷуд ҳаст.
Баргардонии китобҳои чопӣ ба шакли электронӣ дар Китобхона босуръат идома дорад ва то солҳои наздик фонди китобӣ пурра ба шакли электрони гардонида мешавад.
Феҳристи Китобхонаи миллии Малайзия ба тариқи онлайн тавассути сомонаи htth://opak.pnm.gov.my дастрас аст.
Муфассалтар метавонед аз ин навори видеоии ҳамкорамон бо Китобхонаи миллии Малайзия ошно шавед.
Майсара Абдуллоева,
Сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон