Дониш сарват аст
«Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳдоштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».
Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид дар тўли 25-сол рушду нумўъ карда, барои зиндагии озодонаи сокинони мамлакат дастовардҳо ва шароитҳои мусоид фароҳам овард. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлол ба миллати тоҷик ва барои пешрафту баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ маҳз истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ мебошад.
Бо талошу ҳадафҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасу шоёни таҳсин ва фаромўшнопазир амалӣ шуданд. Дар ин давра дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи китобдорӣ дастовардҳои назаррас ба амал омаданд. Дар муқоиса ба солҳои пешин вазъи ташрифи хонандагон ба китобхонаҳо рў ба беҳбуди оварда истодааст.
Ҳадафҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон албатта аз фаъолияти кории маъмурияту кормандони Китобхона вобаста аст, ки барои фароҳам овардани шароит, ҷалби хонандагон ҳамвора ҷиду ҷаҳд менамоянд.
Таҳлили фаъолияти бахши бақа йдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон дод, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 126 ҳазору 919 нафар хонанда пазируфта шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон ба узвияти Китобхонаи миллӣ 20072 нафар пазируфта шуд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 12656 нафар зиёдтар аст. Аз ин миқдор 6800 нафари онҳо донишҷўёни макотиби олӣ мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки соли равон Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таблиғотии «Даъват ба китоб ва Китобхона»-ро барои ҷалби хонанда ба роҳ монд. Кормандони Китобхона гурўҳҳои корӣ ташкил намуда, ба муассисаҳои таълимӣ рафтанд ва бо баргузор кардани суҳбатҳои таблиғотӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ донишҷўён ва талабагонро ба китобхонию Китобхонаи миллӣ ҷалб намуданд.
Дар КМТ ба ҳисоби миёна дар як рўз 1600 нафар ташриф оварданд, ки ин нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 615 нафар зиёд мебошад. Шумораи умумии адабиёти пешниҳодшуда ба хонандагон 166462 нусхаро ташкил дод, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 31725 нусха зиёд аст. Ба толори хониш дар шашмоҳаи аввали соли 2017-ум 63269 нафар хонандагон ташриф оварданд.
Дар Китобхонаи миллӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2017-ум 58 чорабинӣ баргузор гардид, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 11-то зиёд аст.
Аз ҷумла:
Мизи мудаввар дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон;
Маҳфили «Хандарез» бо иштироки ҳунармандони гурўҳи «Маҳфилоро», «Лаҳзаҳои гуворо”, мизи мудаввар бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 -2028, маҳфили фарҳангии «Равшандилон», маҳфили «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад», маҳфили адабӣ «Дар суҳбати адиб» бахшида ба Соли ҷавонон, Конфронси илмӣ-омавии нақши ховаршиносон дар шинохти миллати тоҷик, чорабинӣ бо Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳайати баландпояи Ҳизби сиёсии умумироссиягии «Русияи воҳид», чорабинии идона дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии Наврўзи Оламафрўз, намоиши китоб, маҷаллаву суратҳо ва либосҳои миллӣ бахшида ба Наврўзи ҷаҳонӣ дар даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ (80- нусха), «Рўзи дарҳои боз» дар Китобхонаи миллӣ (зиёда аз 3000 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷи кишвар аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд), Конференсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конфронси фарҳангии Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», Бизнес - Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия ва ғайра.
Ҷалби васоити ахбори омма ба тарғиб ва ташвиқи чорабиниҳои баргузоргардида яке аз самтҳои фаъолияти Китобхона мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои гузаронидашуда (45 чорабинӣ) тавассути шабакаҳои телевизионии «Шабакаи аввал», «Сафина», «Баҳористон», ва «Ҷаҳоннамо» тарғиб карда шуданд.
Аз ҷониби мутахассисони Маркази такмили ихтисоси Китобхона барномаҳои таълимӣ ва курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос барои бозомўзии кормандони Китобхонаи миллӣ ва китобхонаҳои соҳавӣ ташкил карда шуд. Барои омўзиш, тарғиб ва таълими донишҳои китобдорӣ барномаҳои таълимии «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ: барои роҳбарони китобхонаҳо», «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ: барои китобдорони навомўз», «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ: барои китобдорон», «Асосҳои дониши библиографӣ», «Асосҳои дониши компютерӣ» ва «Истифодабарии технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо» таҳия карда шуда ва амалан татбиқ шуда истодааст.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2017 -ум курси «Омўзиши донишҳои компютерӣ»-ро 34 нафар корманди Китобхона хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишкадаи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур 19 нафар курси бозомўзӣ ва такмили ихтисоси “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ”-ро хатм намуда соҳиби сертификат гардиданд.
Дар пеш таҷлили Рӯзи китоб аст ва Китобхона ба ин муносибат як силсила чорабиниҳо омода кардааст.
Майсара Абдуллоева,
Сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон