Китоби нав: Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино “Донишнома”-и нав интишор дод. Ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор М.Гулзода дар сарсухани китоб аз ҷумла навиштааст: Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино китобест, ки хонанда аз он маълумоти зарурӣ ба даст меорад.

 Китоб аз ду бахши бузург иборат мебошад. Дар бахши аввал роҳи дар тӯли 80 сол тайкардаи донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфи форсӣ ба қалам дода шудааст. Ин муддатест, ки донишгоҳ ба муваффақияту нокомӣ ва пирӯзию шикастҳо рў ба рў гашт, бо вуҷуди ин лаҳзае ҳам аз кори тарбияи табибони ҷавон дар канор намонд. Он дар солҳои душвортарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолият дошт ва соли 1943 дастпарварони аввалин донишгоҳро хатм карданд.

 Бахши дуввуми китоб аз рўи тартиби алифбо буда, дар бораи устодон ва дастпарварони донишгоҳ, ки дараҷаю унвонҳои илмӣ (номзадҳо ва докторони илм, профессорон, профессорони фахрӣ, узвҳои вобаста ва пайвастаи АИ ва АИТ Тоҷикистон) доранд, ҳамчунин оид ба устодони собиқадори донишгоҳ маълумот дода шудааст.

 Хонанда аз ин бахш метавонад дар бораи сохтор, кафедраю факултаҳо, марказу озмоишгоҳҳо, ташрифи шахсиятҳои бузург ба донишгоҳ, маводе, ки дар саҳифаҳои матбуоту китобҳо роҷеъ ба бурду бохти донишгоҳ ба табъ расидаанд, барандагони ҷоизаҳои давлатию ҳукуматӣ, беморхонаю марказҳои таббие, ки дар онҳо кафедраҳои донишгоҳ ҷойгиранд, ки маълумоти муҷаз ба даст орад.

Аз номзадҳои илм онҳое ба китоб роҳ ёфтанд, ки дар донишгоҳ кор мекунанд ё ҳамкор мебошанд. Докторҳои илм ва профессорони соҳаи тиб то ҳадди имкон ва тамоми ҷумҳурӣ ба китоб ворид карда шуданд. Оид ба баъзе мудирони кафедраҳо, ки солҳои 30-50-уми асри 20 дар донишгоҳ фаъолият доштанду имрўз дар бораи онҳо маълумоти зарурӣ дастрас нагашт, дар охири китоб маълумоти умумӣ дода шуд.

 Шаҳло Раҳимова