Паҳӯҳише дар бораи гузашта ва имрӯзи Кангурт

 Китоби “Кангурт” дар бораи яке аз мавзеъҳои машҳури куҳандиёри  тоҷикон – Кангурт  таҳия шудааст. Кангурт муддатҳост, ки бо як ном маъруф  буда, бо мардони ватандўсту  шуҳратманди худ шинохта шудааст. Дар ҳама давру замон, бо вуҷуди таҳдиду хатарҳои ба сари ин мардуму мавзеъ омада, Кангурт ном ва шуҳрату шаъни худро ҳифз кардааст. Дар домони ин диёри меҳрофару босафо шахсиятҳои хирадманду ҳунарвар, зираку сиёсатмадор, шоиру мураббӣ ва ободгару навовар тарбият ёфта, ба воя расидаанд.

 Баъди соҳибистиқлолии кишвар доир ба таърихи Кангурт, аз ҷумла, шарҳи забоншиносии вожжа, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва  масъалаҳои дигар теъдоди  зиёди таҳқиқот ва китобу мақолаҳои илмию оммавӣ ба нашр расидаанд.

 Гузашта аз ин, дар бораи ин макони илму маърифат ва мавзеи тавлиду  тарбияи орифону ҳунарварони миллати сарбаландамон дар асоси нақлу ривоятҳои куҳансолону шоҳидони ҳол ва асноду  таърихномаҳо маводи фаровон гирд оварда шудааст.

  Китоби мазкур кўшиши навбатиест доир ба ифшои асрори  мавзеъ, таърихи деҳаҳои зебоманзари Кангурти куҳантаърих.

 Муаллифон барои ҳамкорӣ дар таҳияи китоб ва мушаххас  намудани воқеаву далелҳои таърихӣ ба роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфшо Яъқубов ва доктори илми таърих, профессор Саидмурод Бобомуллоев арзи сипос кардаанд.

 Китоб барои доираи васеи хонандагон, сайёҳону муҳаққиқон ва дўстдорони мавзеъҳои таърихӣ пешниҳод мегардад.

Муаллифон Иброҳим Пирназарзода, Фаррух Сайдализода буда, китоб зери назари Асадулло Раҳмон чоп шудааст.

Фирӯза Маҳмадҷонова