Аз таваллуди Нодар Думбадзе-нависандаи шуҳратёри гурҷӣ 91 сол ва аз маргаш 35 сол сипарӣ шудааст. Яке аз тавонотарин адибони даврони Шӯравии Гурҷистон буд. Дар сабки адабии Думбадзе гуфтори содаи маҳаллӣ бо танзи зариф тавъам аст. Аз рўи тамоми романҳо, инчунин повести «Кукарача»-аш филм сохта шудааст. Аз ин рў, осори Думбадзе бо ин вижагиҳои хосса, бо барҷаста кардани характери миллӣ ва лиризми баланд, идеяҳои инсондўстона, ғояи олӣ ва маҳорати баланди бадеӣ дар саросари Иттиҳоди Шўравию хориҷ аз он машҳур гардида буданд. Асарҳои
«Ду гул» аввалин балети тоҷик, ки аз 4 парда ва 5 намоиш иборат аст (оҳанги А. Ленский, либреттои М. Рабиев). «Ду гул» нахустин бор 17 апрели 1941 дар Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав намоиш дода шуд, ки онро ҳайати ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иҷро намуданд.
Нақшҳои асосиро дар ин балет, А.Исҳоқова
Китоби “Кангурт” дар бораи яке аз мавзеъҳои машҳури куҳандиёри тоҷикон – Кангурт таҳия шудааст. Кангурт муддатҳост, ки бо як ном маъруф буда, бо мардони ватандўсту шуҳратманди худ шинохта шудааст. Дар ҳама давру замон, бо вуҷуди таҳдиду хатарҳои ба сари ин мардуму мавзеъ омада, Кангурт ном ва шуҳрату шаъни худро ҳифз кардааст. Дар домони ин диёри меҳрофару босафо шахсиятҳои хирадманду ҳунарвар, зираку сиёсатмадор, шоиру мураббӣ ва ободгару навовар тарбият ёфта, ба воя расидаанд.
Баъди соҳибистиқлолии кишвар доир ба таърихи Кангурт, аз
Чунин ном дорад маҷмўи мақолаҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳадаф аз таълифоти мазкур кўшиш дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҷалби хонандагон ба масоили мазкур унвон шудааст. Дар шиносномаи он аз ҷумла мехонем: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умумпазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.
Танҳо инсонҳои соҳибмаърифат, огоҳу худшинос ва дорои ахлоқи
Ин китоб маҷмўа фишурдаи маърўзаҳои иштироккунандагони конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ буда, фарогири масоили филологӣ, аз қабили масъалаҳои лингвистика, забоншиносии муқоисавӣ, методҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ, масъалаҳои адабию фарҳангӣ, робитаҳои адабӣ ва нақди тарҷумаю тарҷумашиносӣ мебошад.
Мавод ба ёрии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аспирантон, магистрантон, олимон ва мутахассисони соҳаи муосири филология ва методикаи таълими забонҳои хориҷии аврупоӣ тавсия дода шудааст.