«Ду гул” дар балети тоҷик

 «Ду гул» аввалин балети тоҷик, ки аз  4 парда ва 5 намоиш  иборат аст (оҳанги А. Ленский, либреттои М. Рабиев). «Ду гул» нахустин бор 17 апрели 1941 дар Даҳаи  санъати тоҷик дар Маскав  намоиш  дода шуд, ки онро ҳайати  ҳунармандони Театри  давлатии  академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иҷро намуданд.

  Нақшҳои асосиро дар ин балет, А.Исҳоқова (Заррагул), М.Қобилов (Замон), У.Рабимов (Сангин), Б.Валаматзорда (Раҷаб), С.Саидмуродов (бой) офаридаанд.

 Ба саҳнагузорандаи асар  яке  аз асосгузорони  санъати  хореографии шўравӣ  К. Я. Голейзовский буд. Балетмейстрон – Ғ.Р. Валаматзода, А. Исломова, А.И.Протсенко, дирижёр – ПИ.Шпиталний, рассом – В.Ф. Риндин.

 Балет аз воқеаҳои  охири солҳои 20 ва аввали солҳои  30 асри 20, ки мавзўъҳои мубориза бо босмачиён, ташаккули одами нав, озодии занонро дар бар мегирифт, нақл  мекунад. Намоишнома  дар асоси лаҳну оҳанг ва рақсҳои гуногуни халқии тоҷикӣ таҳия гардида, дар он имконоти санъати хореографии миллӣ моҳирона  истифода шудаанд.

  Бозчоп аз Энсиклопедияи  миллии тоҷик.

 Душанбе, 2017. –  Ҷ.6.- С. 200-2001.

Таҳияи Парвина Қаюмова                                                  

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ