Ёде аз Баҳром Сирус
Нашр шуд 2020-01-03 12:25
Баҳром Сирус – олими барҷаста, адиби маъруф дар синни 96-солагӣ ҳудудан чиҳил сол пеш тарки олам карда буд. Вай умри ҷавонии худро сарфи пажӯҳишу офаридани қиссаву достонҳои хонданӣ кард. Дар 70-солагӣ рисолаи номзадӣ ва дар 80-солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кард. То охирин лаҳазоти умр аз омӯзишу эҷод ҷудо набуд.
Баҳром Сирус (Оҳунзода Мирзомуҳаммад) 1 январи соли 1885 дар шаҳри Ленкорани Озарбойҷони Шўравӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1907 мактаби ҳафтсолаи русии зодгоҳашро хатм кардааст. Соли 1908 ба Эрон муҳоҷират карда, дар ҷунбишҳои сиёсӣ- озодиталабии мардумӣ фаъолона ширкат варзидааст. Соли 1920 бо В. И. Ленин вохӯрдааст. Соли 1925 ба Иттиҳоди Шўравӣ баргашта, даҳ сол дар идораҳои маориф ва табъу нашри Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан корманди илмии Пажўҳишгоҳҳои забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва ховаршиносии АИ ҶТ будааст.
Доктори илмҳои филология (1964). Шеърҳояш аз соли 1932 чоп шудаанд, ки дар мавзўъҳои замон офарида шудаанд. Достони «Ҳуҷум» соли 1933, достони «Холу Зуҳра» дар солҳои ҶБВ эҷод шудаанд. Ашъораш дар маҷмўаи «Ҳадя» (1974) ва «Ҷашнияи Баҳром Сирус» (1975) интишор ёфтаанд.
Пайваста машғули кори илмӣ буда, дар синни 70 - солагӣ рисолаи номзадӣ, 80 - солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Рисолаҳои маъруфаш «Қофия дар назми тоҷик» (1955), «Арўзи тоҷикӣ» (1963) ва «Назарияи нави қофиябандӣ дар назми тоҷик» (1972) то ҳол дастуру сарчашмаи беҳамтои таълиму омўзиши арўзу қофия дар адабиёти тоҷиканд
Дар тарҷумаи баъзе асарҳои В. И. Ленин, таҳияву нашри «Шоҳнома» (1955, 1964-1970) ва осори Рўдакӣ, Низомӣ, Ҳоқонӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, тазкираи «Гулшани адаб» (ҷ. 1-5, 1975-1980) ва таълифи китобҳои форсӣ ширкати фаъол доштааст.
Соли 1975 «Ёддоштҳо» - яшро ба чоп расондааст (дар китоби Ҷашнияи Баҳром Сирус» (1975).
Бо ду ордени Ленин, ду ордени «Нишони фахрӣ», медал ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1944 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
7 июни соли 1981 аз олам даргузашт.
Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 222.
Аз Баҳром Сирус ва дар бораи вай дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Қофия дар назми тоҷик. – Сталинобод: НДТ, 1955. – 185 с.
Адабиёти тоҷик: Хрестоматия / Мирзоев, А., Сирус, Б., Тоҷиддинов, С. – Душанбе, 1962. – 355 с.
Арўзи тоҷикӣ. – Душанбе: Комбинати Полиграфии Тоҷикистон, 1963. – 286 с.
Назарияи нави қофиябандӣ дар назми тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 47 с.
Ҳадя. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 190 с.
Дар бораи олим:
Ҷашнияи Баҳром Сирус: Маҷмўаи материалҳои маҷлиси ҷашни 90- солагии олим, шоир Баҳром Сирус / Тартибдиҳанда ва муҳаррири масъул А. Афсаҳзод. – Душанбе: Дониш, 1977. – 174 с.
Табаров, С. Аҳсани Лоҳутӣ: А. Лоҳутӣ дар балладаи «Ваҳдат аз ташкилот» яке аз лаҳзаҳои ҳаёти дўсти худ Баҳром Сирусро ба қалам додаст // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 10 январ.
Маҳмадаминов, А. Шамъи фурўзон: Ба муносибати 100- солагии Баҳром Сирус // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 1 феврал.
Ниёзӣ, Ф. Шахси мўътабар: Дар бораи шоири маъруф Баҳром Сирус // Ваҳдат. – 2019. – №20. – октябр.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ