Ҷумъа Қуддус - адиб, рӯзноманигор, дромнавис

Ҷумъа Қуддус яке аз пурмаҳсултарин адибони кишвар аст.   Бахусус, бахши офариниши асарҳои саҳнавӣ дар эҷодиёти вай баҷаста аст. Аз сӯйи дигар аз зумраи рӯзноманигорони мувафақи кишвар низ маҳсуб мешавад.

Ҷумъа Қуддус 20 марти соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №1 ноҳияи Вахш, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар рўзномаву ҳафтаномаҳои гуногун, Телевизиони тоҷик, Вазорати фарҳанги кишвар, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  кор кардааст.

           Муаллифи китобҳои гуногунжанру гуногунмуҳтавои «Кори нотамом» (1982), “Мардҳо намегирянд» (1991), «Воқеа, вақт, одамон», (1997), «Исмоили Сомонӣ» (1999), «Эъҷоз» (романи мустанад, 1999), «Офариниши охирин» (2003), «Роҳи наҷот» (2003), «Тавбашикан» (2005), «Ориёно – 1. Ҳазрати Зардушт» (дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим, романи таърихӣ, 2006, 2008), «Ширин» (Дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим; қисса; тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, 2006), «Ориёно – 2. Биҳишти гумшуда» (дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим; романи таърихӣ, 2008) дастурҳои таълимии «Асосҳои драма ва маҳорати  сенариянависӣ» (1998), «Жанрҳои журналистикаи телевизион» (2003), «Назарияи эҷод» (2004), «Тадқики журналистӣ» (2004), «Асосҳои журналистикаи телевизион» (2008), «Асосҳои драматургия ва маҳорати  сенариянависӣ» (2009) ва ғайра мебошад.

           Намоишномаҳои «Гирдсанг», «Шабистон», «Дараи шикастҳо», «Очаи Бика ва Зика», «Тўйи бедомод», «Иморикаш», «Ҳазрати Ғазаб», «Қисмати теппаи сурх», «Суруд дар бораи бахт», «Зиндашаҳидон», «Талошҳои сурх», «Домоди маҷбурӣ», «Мардхо намегирянд», «Психотерапия», «Вийд», «Тири бепайкон» «Хоҷасагпараст», «Сухан ва шамшер», «Зани шаҳрӣ», «Қурбонии 80 – ум кист?», «Кори нотамом», «Баха», « Исмоили Сомонӣ», «Фоҷиаи аввалин», «Бозори нафс», «Адли Анўшервон», «Ишқи парӣ», «Вулқони хомўшшуда», «Марги сафед», Варта», «Шифо», «Нолаи Зардушти Паёмбар», «Мунтасир», «Резистанс – Муқовимат», «Турки тоҷик», «Фоли аҷибу ғариб», «Бозори нафс», «Зистан ғалаба кардан», «Ғубори Аҷам», «Хоби чаппа», «Киштинишастагон», «Марди кор», «Бўсаи аввал», «Талбак Лолаев», «Ҳотами Той», «Ишқи бозорӣ», «Ҷазирбод», «Бозори нафс», «Офариниши охирин», «Ҳидояти қудсӣ. Носири Хусрав», «Шағоли шергир», «Дом», «Ҷавонии Рўдакӣ», «Сонсур», «Гули зира» ва ғайра дар бисёр озмунҳои драманависон ва ҷашнвораҳои театрӣ сазовори ҷоизаҳо гардиданд. Соли 2003 «Ҳидояти қудсӣ. Носири Хусрав” дар таҳияи Театри мусикӣ – драмавии Хоруғ сазовори ҷоизаи якуми Фестивалозмуни «Парасту» гардидааст.

           Муаллифи филмномаҳои «Носири Хусрав», «Саъдии Шерозӣ, «Ҳикмати Анўшервон», «Ширин» (дар 15 бахш) буда, асарҳои зиёди адибони Шарқу Ғарбро барои Телевизиони Тоҷикистон тоҷикӣ кардааст. Ҳамчунин барои театрҳои кишвар «Дон жуан» - и Ж. Б. Молйер, «Муъҷизаи оддӣ» - и М. Ладо, «Ба пеш ясавул», «Асрори марги Чингизхон» - и Қулмамбетов, «Харак» - и А. Гелман, «Умед» - и Ҷ. Қалибекова, «Туӣ ягонаи ман» - и Ж. Озбекова, «Қурбони вазифа» - и  Э. Ионескуро ба тоҷикӣ гардондааст.

           Пйессаҳои «Офариниши охирин» - аш соли 2001 дар Сурия, «Сухан ва шамшер» - аш соли 2003 дар Исроил чоп шудаанд «Офариниши охирин» соли 2006 дар Ҷумҳурии Қирғизистон, «Тавбашикан» соли 2007 дар Ҷумҳурии Қазоқистон, «Маҳзакаи иблис» соли 2008 дар Ҷумҳурии Қирғизистон саҳнагузорӣ шудаанд. Ҳамчунин «Офариниши охирин» аз ҷониби Театри тамошобини ҷавони Қирғизистон дар Фестивали байналмилалии театрии «Азия – 2006» дар шаҳри Чўлпонато намоиш додаву сазовори шоҳҷоиза гардидааст.

         Силсилаи романҳои таърихии «Ориёно» (дар ду ҷилд – «Ҳасрати Зардушт» ва «Биҳишти гумшуда») дар Фестивали 4 – уми байналмилалии санъати китоб (дар Маскав) сазовори дипломи дараҷаи дувум шудааст. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1998). Бо медали «Хизмати шоиста» (2004)  мукофонида шудааст. Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2014. – С.117-118.

Аз Ҷумъа Қуддус ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед суроғ кунед:

Кори нотамом: Маҷмўаи пессаҳо. – Душанбе: Ирфон. – 1986. – 112 с.

Ориёно. Ҳазрати Зардушт: Романи таърихӣ / Ҷумъа Қуддус, Махмадкарими Карим. – Душанбе: Адиб, 2006. – 812 с.

Асосҳои драматургия ва маҳорати сенариянависӣ. – Душанбе: Эҷод, 2009. – 149 с.

Драмаҳо. Мушкилоти панҷум. – Душанбе: Истеъдод, 2016. – 64 с.

Гирдсанг: Пессаи якпардагӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 18 октябр.

Рафиқи ҳақиқӣ: Мазҳака барои мактаббачагон // Пионери Тоҷикистон. – 1979. – 14 ноябр.

Пирҳои деҳаи ман: Интермедия // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 25 феврал.

Ғамхорӣ: Саҳначаи ҳаҷвӣ // Точикистони советӣ. – 1984. – 5 феврал.

Амали шаҳвонӣ: Песса // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 23 феврал.

Мусоҳиба: Ҳаҷвия // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 10 октябр.

Хонаи китоб: Суҳбати рўзноманигорон Гулнораи Шоҳназар ва Ҷ. Қуддус бо сарвари хазинаи маводи нашрӣ ва матбуоти ҷумҳурӣ – Хонаи китоби Тоҷикистон Мирзобадал Бадалов // Минбари халқ. – 2014. – 17 июн.

Ранҷи ў ганҷ бахшида: Оид ба рўзгори собиқадори ҶангиБузургиВатанӣ Ғаюр Сафаров. – 2014. – 17 сентябр.

Ҷумъа  Қуддус: Дар бораи ҳаёт ва фаъолият // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С.117-118.

Алвидоъ, автомат: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 6 октябр.

Тањияи Дилороҳ Сайдамирова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ