Яке аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу нишотовари сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ин лаҳзае буд, ки сарвари давлати Ӯзбекистон ба Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду китоберо, ки дар Ӯзбекистон ба тозагӣ ба нашр расида буданд, ҳадя намуд. Яке аз ин китобҳо «Ҷомӣ ва Навоӣ» ном дошта, дар он номаҳое, ки ин устоду шогирд ба якдигар