Намадмолӣ, ки онро намадрезӣ низ меноманд, яке аз ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик буда, бештар дар минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон, он мавзеъҳое, ки мардум ба парвариши чорпои хурд машғуланд, маъмул мебошад. Намад як навъи гилем ё палос аст, ки барои пўшидани фарши хона истифода мешавад. Намад фарши ғафс, сабук ва гарму мулоим буда, андозаи он одатан 2×3м ва баъзан каму беш аз ин буда, ғафсияш 0,5-1см мешавад. Намадро аз пашми чорвои хурд (гўсфанд ё бузи
Чоршанбесурӣ, ойинест, ки пеш аз Наврӯз, дар охири соли хуршедӣ баргузор мешавад. Аз замонҳои қадим то ба ҳоло дар охирин чоршанбеи соли хуршедӣ пеш аз Наврӯз мардуми ориёитабор маросим ва ҷашне доштанд, ки онро Чоршанбесурӣ меномиданд ва ҳоло низ меноманд. Ин ҷашн дар гузашта дар тамоми манотиқи ориёитабор баргузор мегардид, ки бисёре аз навоҳии манотиқи Осиёи Марказӣ, ба хусус Мавароуннаҳр низ, дар ҳудуди он қарор