Оинҳои наврӯзӣ: ЧОРШАНБЕСУРӢ
Чоршанбесурӣ, ойинест, ки пеш аз Наврӯз, дар охири соли хуршедӣ баргузор мешавад. Аз замонҳои қадим то ба ҳоло дар охирин чоршанбеи соли хуршедӣ пеш аз Наврӯз мардуми ориёитабор маросим ва ҷашне доштанд, ки онро Чоршанбесурӣ меномиданд ва ҳоло низ меноманд. Ин ҷашн дар гузашта дар тамоми манотиқи ориёитабор баргузор мегардид, ки бисёре аз навоҳии манотиқи Осиёи Марказӣ, ба хусус Мавароуннаҳр низ, дар ҳудуди он қарор дошт.
Чоршанбесурӣ чун яке аз маросимҳои аслии пешазнаврӯзӣ то ба ҳол баргузор мешавад. Тибқи мушоҳидаҳои пажӯҳандагон то охири асри 19 ва аввали асри 20 ин ойин дар тамоми манотиқи тоҷикнишини Мовароуннаҳр ба таври густарда роиҷ буда, онро бо ойинҳои моҳи сафар омезиш медоданд ва марбути ин моҳ медонистаанд. Дар чоршанбеи охири моҳи сафар дар минтақаҳои Дарвоз, Қаротегин, Ёхсу бегоҳӣ пас аз ғуруби Офтоб гулхани оташро фурӯзон намуда, се бор аз болои он мепариданд, ки онро мардум «чоршанбеи ахири сол» ва ё «алавпарак» низ меномиданд. Ба ин васила бовар доштанд, ки аз тамоми бемориҳо, нодориҳо, бадбахтиҳо ва гуноҳҳои дар соли куҳна ҷамъшуда худро пок месозанд. Дар асри 19 ва аввали асри 20 ин маросимро тоҷикони Бухоро «чоршанбеи суннӣ», дар баъзе ноҳияҳо «чоршанбесурӣ», тоҷикони Косон «чоршанбесурак» меномидаанд.
То солҳои 20–50 асри ХХ дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ин маросим дар байни тоҷикон роиҷ будааст. Бегоҳии чоршанбеи охири сол мардум дар майдонҳо, чорроҳҳо, кӯчаҳо оташ фурӯзон намуда, пиру ҷавон аз болои он се бор мепариданд ва баробари ҷаҳидан мегуфтанд: «зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман» (зардема гир, сурхета те). Дар баъзе ҷойҳо ҳамин суханро ин тарз ёдовар мешуданд «ранҷурию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман», ки ин таъбирро дар байни аксари мардумони кишварҳои гуногуни эронитабор метавон дид.
Ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам дар байни мардуми Хатлон, Суғд, Бадахшон ва тоҷикони Ӯзбекистон маросимҳои аз болои оташ паридан, гирди оташ давр задан, хонаро тамиз кардан, ҳазор испанд дуд кардан, баргузор намудани маросими Мушкилкушо дар шабу рӯзи чоршанбеи охири сол амалан иҷро карда мешавад.
Чоршанбесурӣ дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ бо номҳои аз ҳамдигар каме ё комилан мутафовит вирди забон мебошад. Масалан, «чоршанбеи охирон» (дар водии Қаротегин ва Мастчоҳ), «чорашанбеи сурук» (дар Хуҷанд).
Тоҷикони ноҳияи Косони Ӯзбекистон дар кӯчаҳо оташҳо фурӯзон намуда аз болои он меҷаҳиданд ва зимнан мегуфтанд: «алас-алас, аз кулли бало халос».
Дар Хуҷанд, Кулоб, Панҷакент, Яғноб, Бухоро, Самарқанд, Бадахшон ва аксари ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳоло ҳам дар арафаи Чоршанбесурӣ хонаро тамиз кардан, гирди оташдонро тоза намудан, оташ афрӯхтан, ҳазориспанд дуд кардан, намак гирди сар гардондан, гиреҳ кушодан, кӯза шикастан, чойнику пиёлаи чағ овардаро дур андохтан, оташбозӣ кардан ва амсоли ин ба назар мерасад. Бештар ин маросимҳо барои он сурат мегиранд, ки инсон аз зиёну заҳмат, нопокӣ, бадбахтиҳои соли куҳна, номуродиҳои гузашта эмин бошад ва Наврӯзро бо хушӣ истиқбол намуда, дар соли нав тандурусту солим зиндагӣ кунад. Яке аз сунатҳои аз қадим дар байни духтарони Бухорову Самарқанд ва баъзе маҳалҳои тоҷикнишин боқимонда ойини «бахткушоён» мебошад. Маъмулан духтароне, ки дар соли гузашта дар зиндагӣ ба нокомӣ дучор шуда бошанд, назди мулло, фолбин ё шахсони махсус рафта, барои дар соли нав ба муроди худ расидан аз онҳо дуо мегиранд. Масалан, дар Бухоро духтари бахташ баста пас аз оташафрӯзӣ хокистари онро дар таги девор мерехт ва баъд ба пушти дари хонаи худ омада тақ-тақ мекард ва аз дарун ӯро мепурсиданд:
- Дарро кӣ мезанад?
Духтар ҷавоб медод: «Манам».
Боз мепурсидаанд:
- Аз куҷо омадӣ?
Ҷавоб медод: «Аз арӯсӣ».
Мепурсидаанд:
- Бо худ чӣ овардӣ?»
Мегуфт: «Тандурустӣ».
Садриддин Айнӣ дар «Ёдоштҳо» зимни тасвири «Сайри Файзобод» ва «Иди Наврӯз ва сайри Ширбадан» маросимҳо ва омодагиҳоро ба ҷашни Наврӯз ёдовар шудааст. Бархе аз онҳо ойинҳое мебошанд, ки марбути Чоршанбесурӣ буда, ҳоло бо ин ном ифода намешаванд.
Дар ноҳия Сухи Ӯзбекистон, ки аҳолии он асосан тоҷикон мебошанд, қабл аз Наврӯз ба ҳолати оташдон таваҷҷуҳ намуда, онро бо гили самфед тармим мекунанд. Хонатаконӣ карда, зарфҳоро шуста ба тоқҳо мечинанд. Баъдан ҳазориспандро, ки онҳо «исириқ» мегӯянд, дуд карда, ба чаҳор гӯшаи хона равон месозанд ва ин мисраъҳоро такрор мекунанд:
Исириқро дуд кун,
Балоҳоро дур кун.
Инсу ҷинни бади хеш,
Сӯзад дар оташи тез.
Рӯзи чоршанбеи охири қабл аз Наврӯз ҳама шустушӯ мекунанд ва мардон мӯй метарошанд, духтарон ва дӯшизагон мӯйи худро майдабофӣ (чил адад) мекунанд. Шомгоҳони он рӯз паридан аз болои оташ дар тамоми Сух марсум аст. Дар деҳоти Тул, Қалъача ва Ғазновӣ амали мазбурро Ҷоршанбесурӣ меноманд. Мардуми Сух ҳамзамон се оташ меафрӯзанд ва бо гуфтани ин суханон аз рӯйи оташ мепаранд: «Рӯйи пок аз туву домани пок аз мо, зиёну заҳматамоя афшондему сӯзондем». Пас ба даври гулхан ҷамъ омада, каф бар ҷониби оташ нигаронида ба рӯй мекашанду мегӯянд: «Ба рӯйи муборакат гардам, зардиямро гиру сурхиятро бите!». Ҳамин маросимро бо андаке тағйирот дар байни тоҷикони ноҳияҳои Шаҳрисабз ва Китоби Ӯзбекистон низ метавон дид.
Дар Бадахшони Тоҷикистон мардум бегоҳии рӯзи чоршанбе ба тозаву пок кардани хонаҳо ва асбобу анҷоми рӯзгор шурӯъ мекарданд. Марди хонавода барои таъмири дару девори хона аз ҷойи махсус хок меовард, ки ҳангоми овардани хок кассе ӯро набояд бинад. Ӯ ин корро замоне мекард, ки пардаи торики шом атрофро фаро мегирифт ва ё субҳи зуд мебуд. Дар баъзе ҷойҳо инро «ситдуздӣ» (хокдуздӣ) мегӯянд. Аз ин гил лойи мулоим тайёр намуда, деворҳои аз дуд сиёҳгаштаи хонаҳоро андова ва сафед мекарданд. Баъд аз таъмир кадбону бо мадади фарзандони болиғ бо гарди орд рӯйи девор, сутун, бархе аз тирчӯбҳои хонаро бо ҳар гуна нақшунигор, ба мисли Офтоб, Моҳ, ситораҳо, пайи пойи гӯсфанд ва ғайра оро медод. Ҳангоми покиза кардани хона ва муҷаҳҳаз кардани он ба хонаву ҳавлӣ даромадани шахсони бегона, ҳатто хешу табор низ манъ мешуд.
Дар Бадахшон барои афрӯхтани оташ ду ҳафта қабл омодагӣ мегирифтанд. Дар ноҳияи Рӯшон «алавпарак»-ро «чоршанбеи сурак» меномиданд. Барои иҷро ин маросим дар деҳаи Ёгеди Дарвоз маросими «дух-духи бор»-ро ба ҷо меоварданд. Тамоми шаб дар деҳа чароғ фурӯзон мемонд, аҳли деҳа хоб нарафта, мунтазири садои даъвати ҷавонон мешуданд. Пас аз он ки мардум ба гирди оташ даъват мешуданд, бо навбат аз болои оташ мепариданд, то ки гуноҳҳое, ки дар бадали сол содир намудаанд, дар ин оташи муқаддас бисузанд ва пок шаванд. Дар баъзе рустоҳои Шуғнон (деҳаи Сохчарв) қабл аз ҷаҳидан аз болои оташ ва ё аз гирди он давр задан мардум ба гиребон ё камар пораи матоъ ё ресмони сурх мебастанд ва ҳангоми аз болои гулхан ҷаҳидан тори мӯеро ба оташ партофта «балоҳо рад» ё «рафъи балоҳо» мегуфтанд.
Ҳамин тавр дар байни тоҷикон нишонаҳои Чоршанбесурӣ то ба ҳол боқӣ монда, дар шаклҳои гуногун иҷро мешаванд. Ҳоло ойини аз болои оташ паридани Чоршанбесурӣ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар баъзе ноҳияву шаҳрҳо баргузор гардида, дар шаҳри Душанбе дар «Наврӯзгоҳи Пойтахт» ба таври намоишӣ иҷро мешавад.
Баргирифта аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми дуюм) ки соли 2017 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.
Таҳияи Солиев Д.
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.