Дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – ду шоири маъруф ва ду донишманди муътабар намунаи таърихии дӯстӣ миёни тоҷикон ва ӯзбекон аст. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва одӣ шудани равобит миёни ду кишвар бори дигар ёдҳоро ба таърихи куҳан бурд. Бори дигар номи Алишери Навоӣ ва Абурраҳмони Ҷомӣ вирди забонҳо шуд. Дар пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе боғе дар ҳоли бунёд аст, ки номи Алишери Навоӣ дорад.
Кист Алишери Навоӣ?
Навоӣ, Фонӣ Низомуддин Алишер 9 феврали соли 1441 дар деҳаи