Дар остонаи ҷашни Наврӯз шоира Нориниссо Алимуҳаммадова дар синни 68-солагӣ баъди бемории дурудароз дар манзили писараш дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. Мухлисони ашъораш ва сокинони Хуҷанд бо шоира дар манзилаш видоъ карданд ва сипас ҷанозаи ӯ дар деҳаи Румон ба хок супурда шуд.
Фаррух Орифӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ марги шоираро талафоти адабиёти тоҷик ва аҳли ҷамоатчигии кишвар
Ҳамкорони азиз ва ҳозирини арҷманд!
Фарорасии Наврўзи Аҷамро, ки бо талошу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ҷаҳонӣ гардид, ба Шумо меросбарони асили ин падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ, самимона табрик мегўям.
Агар ба таърихи гузаштагонамон назар андозем,
Имрӯз яке аз беҳтарин ҳунармандони кишвар – Убайдуллоҳ Раҷабов зодрӯз дорад. Шахсияти нотакрор, инсоне бо қалби бузург, пок ва самимӣ, шахсияте, ки номаш дар таърихи фарҳанги шаш даҳаи охири кишвар бо хати заррин сабт шудааст.
Исми Убайдуллоҳ Раҷабов ба ҳамагон ошност ва шояд ниёзе ба шиносоӣ надорад. Вале ба ҳар ҳол муруре ба гузаштаву имрӯзи ӯ мекунем ва суҳбате ҳам бо ин нобиғати санъати тоҷик дорем, ки баъдтар ин ҷо хоҳем гузошт.
Наврӯзи Бадахшон, русуми ҷашн гирифтани Наврӯз дар баъзе манотиқи Бадахшон. Дар аксари маҳалҳои кӯҳистони Бадахшон ҷашни Наврӯзро бо ҳамин таъбир ёд карда, дар гузаштаи начандон дур он вобаста ба тақвими маҳаллӣ (ҳисоб аз рӯйи узвҳои одам, ҳаракати сайёраҳо, тулӯъ ва ғуруби офоб) дар се давр ҷашн гирифта мешуд. Ҳар яке аз ин давраҳо, пеш аз ҳама, муносибати мардумро ба замин, ба корҳои деҳқонӣ бозгӯй мекарданд.
Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво наъра зананд ҷумла ба парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Наврўз ҷашни қадимтарин ва муқаддастарини мардуми мост. Оӯғози фасли сол аст, оғози баҳор аст, эҳёи табиат аст, оғтзи мавсими шукуфаҳост, даврони гул, сабза, хониши мурғони хушнавост. Дар ин рӯз мардум бо умедҳои нав ба нав вориди як соли дигари умр мешаванд. Ва мегӯем: Хуҷастаю фархунда бод қадами Наврўз бар диёри нозанинамон Тоҷикистон!
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Дар бораи Наврўз, таърихи пайдоиши он ва тарзу усули ҷашнгирии он қиссаю ривоят ва ҳуҷҷату навиштаҳо хеле бисёр аст ва омўзиши самтҳои мухталифи он то имрўз аз сўи донишварону бостоншиносон ва пажуҳишгарон идома дорад, аз ҷумла оғози Наврўзро ба рўзи ба тахт нишастани Ҷамшед мансуб медонанд.
Ба Ҷамшед, бар гавҳар афшонданд,
Мар он рўзро рўзи нав хонданд.