Маэстро Убайдуллоҳ Раҷабов

Имрӯз яке аз беҳтарин ҳунармандони кишвар – Убайдуллоҳ Раҷабов зодрӯз дорад. Шахсияти нотакрор, инсоне бо қалби бузург, пок ва самимӣ, шахсияте, ки номаш дар таърихи фарҳанги шаш даҳаи охири кишвар бо хати заррин сабт шудааст.

Исми Убайдуллоҳ Раҷабов ба ҳамагон ошност ва шояд ниёзе ба шиносоӣ надорад. Вале ба ҳар ҳол муруре ба гузаштаву имрӯзи ӯ мекунем ва суҳбате ҳам бо ин нобиғати санъати тоҷик дорем, ки баъдтар ин ҷо хоҳем гузошт.

Актёр, Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ (1998).

Убайдуллоҳ Раҷабов 20 марти соли 1941 дар деҳаи Кангурт таваллуд шудааст. Падари Убайдуллоҳ, Раҷабалӣ Эмом, Модараш Балхиниссо зане буд ҳунарманду закӣ ва олуфтаву тозакору зика.

 Усто Раҷабалӣ ҳар шом баъди тановули ғизо қиссаву ривоятҳову пандҳо мегуфт, ба дуки сухан афсонаҳо меришт ва ғозҳои озодаи калом ба зеҳни хаёлпарвари фарзандон  ноайёну малеҳ мепечид. Паси ҳар панде оҳанге менавохт, то аз суханҳои бисёр дилзадаву безор нагарданд. Мақсади падар аз ин амал ҳам тарбият буду ҳам тақвияти эҳсоси зебоипарастию ҳунарварзии фарзандон.

Модараш Балхии дар ҳунару ҳусну малоҳат камназир ҳам дар тарбияту пандгўиҳо аз падар кам набуд. Алифбои саводро, шинохти ҳарфҳоро, ҷангандозии онҳоро ҳини нахустин рўзҳои мактабравӣ  аслан ба Убайдуллоҳҳ модари хушхату хушдону бомаърифаташ  Балхиниссо омўхт. Дар овони мактабхони вақте, ки дар синфи панҷ мехонд , аллакай яке аз талабаҳои беҳтарини мактаб буд.  Тайи 1 ё 1,5 сол хазинаи китобхонаи мактабро тагў рў хонд. Баъзе адабиётро такроран мутолиа месохт. Ў хеле буд, ки баҷоӣ дар радифи шоиронӣ дўстдоштааш шеър менавишт.

Баъди хатми мактаби миёна аввал ба омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва баъдан дар омўзишгоҳи мусаввирӣ дар риштаи саҳнаороӣ  машғулиятҳоро шурўъ кард.

Соли 1959 Убайдуллоҳҳ аз баҳри пешаи рассомӣ гузашту ба  студияи театрӣ, ки дар назди театри академию драммавии ба номи А.Лоҳути бо ташаббусу иқдоми таҳиягари мумтозу муқтадир  Ефим Исаевич Мительман кушоданд, ҳуҷҷат супурд.

 Убайдуллоҳҳ соли 1964 дар беҳтарин муассисаи ҳунарии Тоҷикистон Театри академию драммавии ба номи Лоҳутӣ барои кор даъват шуд. У, ки аллакай аснои тадрис дар студияи Е. И. Мительман баъзе  шебу фарозҳои зиндагии пуртаззоду дуруштро дида обутоб ёфта буд, ба қарори қатъие омад, ки ба ҳиҷ ваҷҳ саҳнаву касби ҳунарвариро тарк намесозад.

Убайдуллоҳҳ Раҷабов студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А.Лоҳутӣ (1964) ва шуъбаи режиссёрии ДДСТ ба номи М.Турсунзодаро хатм намудааст (1982). Аввал актёри Театри ба номи А.Лоҳутӣ, баъд актёри Театри драмаи мусиқии ш. Кўлоб (1968-1970) буд. Солҳои 1970-88 актёри Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А.Лоҳутӣ, 1988-2000 сарвари Театри давлатии миниатюраи «Ойина», 2000-2004 раиси Кумитаи давлатии ҶТ оид ба телевизион ва радиошунавонӣ.

            Аввалин нақшҳояш дар саҳнаи Театри драмаи мусиқии ш. Кўлоб: Хуршед («Орзу»-и М.Назаров), Абдулло («Оинаи махмалпеч»-и Ф.Ансорӣ), Ҳоҷӣ Нўъмон («Ишқи африқойӣ»-и П.Мериме). Фаъолияти режиссёриаш аз таҳияи «Ишқи  африқойӣ»-ӣ  П.Мериме дар театри Кўлоб оғоз ёфтааст.

            Нақшаҳои беҳтаринаш дар саҳнаи Театри академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ:  нақши Девона («Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим. Соли 1972.), Амфореас («Мубориза»-и С. Карас), Шамсмуаллим («Лаҳзаи ҷовид»-и М.Бахтӣ), Шараф («Задухўрд дар биёбон»-и М.Миршакар), Каримҷон («Ҷон модаракон»-и А.Қаҳҳор), Вилман («Шамъи  маърифат»-и Р.Ҳодизода. Соли 1977) .

            Убайдуллоҳ Раҷабов ба ҳаҷву мутоиба дилбастагии хос дошта як қатор симоҳои ҷолиб офаридааст: Ҳалимбой («Гилеми кабуд»-и

Т. Аҳмаджонов), эшон («Вопасин арўси амиралмуъминин»-и Ф.Муҳаммадиев), Шариф Тормоз («Дар чорсў»-и Н. Табаров), Досалӣ («Ҳақиқати талх»-и С.Сафаров), ҳамчунин дар спекталҳои телевизионии «Найрангҳои Майсара»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, «Зангирии Ҷақабой»-и М. Давлат, «Эҷодкор»-и Ҳ.Содиқ, «Зани оҳанин»-и Саид Аҳмад, «Нахи печида»-и М.Холов, «Садо аз тобут»-и А.Қаҳҳор.

            Соли 1987 дар асоси расму оинҳои халқи тоҷик бо номи «Ашаглон» сенария таълиф намуда, онро бо иштироки ансамбли тарона ва рақси «Дўстӣ»-и к-зи Ленини ноҳияи Қумсангир таҳия кард. Ансамбл дар Фестивал-конкурси байналхалқии Ансамблҳои фолклорию этнографии кишварҳои кўҳсор (Лаҳистон)  ҷои аввал ва мукофоти «Табари тиллоӣ»-ро гирифт (1987).

Убайдуллоҳ Раҷабов дар бисьёр намоишҳои телевизионии тоҷик ширкат варзида симоҳои ҷолиб офаридааст («Телефон», «Алла», «Санъатшинос», «Диссертатсия», «Фалокат», «Кошки меомад», «Себфўруш», «Духтур» ва ғайра).

Дар кинои тоҷик низ ҳамкорӣ дошта, дар филмҳои бадеии  «Салом Гулнора Раҳимова», «Ҳодисае дар фурудгоҳ», «Номзад»,  «Муҷассамаи ишқ», «Чарх», ва ғайра нақшҳо офаридааст.

            Бо орденҳои «Дўстӣ» ва «Ситораи Президент» мукофотонида шудааст.

 

Бо истифода аз китоби «Дар паси ойина». – Душанбе: Ирфон, 2003.  – 160 с.  Муаллиф: Мавлон, Х. (Холмаҳмад) ва

   «Эҳёи Кангурт». – Душанбе:  ЭР-граф,  2016.  –  267 с.

Муаллиф: Абдулваҳҳоб,  Н. (Назрулло),  Шерхон, У. (Умар)

 

Дар Китобхонаи миллӣ шумо аз Убайдуллоҳ Раҷабов ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро бихонед:

 

Раҷабов, У. Сухан оинаи марди сухагўст: дар бораи Субҳон Раҳматов, ки солҳои дароз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда буданд // Ҷаҳони паём. – 2013. – 26 декабр.

Раҷабов,У.  Қиссаи ҳофизи ноком: Дар бораи асари Зариф Ғулом  «Карими Шиш»  // Тоҷикистон. – 2017. – 4 январ.

Дар бораи Маэстро

Раҷабов,У.   Дунё дар паси саҳна: Мусоҳибаи муҳарирамон бо артисти шоистаи республика У. Раҷаб // Тоҷикистони Советӣ. – 1989.  – 6 декабр

Раҷабов, У.  Каҷ  шинаму каҷ  нагӯям. Мусоҳибаи Б.Ғанӣ бо артисти театри ба номи А. Лоҳутӣ // Хорпуштак. – 1990. –  №8. – С.14.

Раҷабов,У. "Дар дил хавасҳо дорем, Дасти норасо дорем": Мусоҳибаи С. Ҷалол бо актёр Убайдуллоҳ Раҷабов  роҷеъ ба ташкили театри миниатюраи Ойина // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 7 июн.

Раҷабов, У.  Зебоиро кӣ наҷот медиҳад: Мусоҳибаи Р. Остон бо ҳунар- пешаи варзида Убайдуллоҳ Раҷабов // Адабиёт ва санъат. – 1992. – 8 октябр.

Раҷабов, У.  Наврўз ҷашни суннатии мардуми мост: Мусоҳибаи Анис бо ҳнарпешаи шоиста У. Раҷабов // Паёми Душанбе. – 1994. – 20  март.

Муродов, А. Орзуи бо ў будан : Дар бораи Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдуллоҳ Раҷабов // Ҷумҳурият. – 2002. – 19 март.

Курбанова, М.  Убайдуллоҳ Раджабов: "Я серьёзный актер!"// Аsia-plus. – 2006.  –  23 март.

Раҷабов, У.  Аз театр норозӣ рафтам: Сўҳбати Т.Азизова бо ҳунарпешаи Мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бадеии театри намунавӣ-миниятурии "Ойина" Убайдуллоҳ Раҷабов // Тоҷикистони советӣ. – 2014.  – 25 декабр.

Шерхон, У. Райкини тоҷик: Роҷеъ ба ҳунару фаъолияти эҷодии театру кино, арбоби барҷастаи фарҳанги тоҷик Убайдуллоҳ  Раҷаб // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 3 сентябр.

Бозор, А. У идеал буд, ҳаст ва мемонад: Роҷеъ ба фаъолияти ҳунарпеша, ҳаҷвнигор Убайдуллоҳ Раҷаб // Ҷумҳурият. – 2015. – 16 октябр.

Мизроб, С.  Маэстро Раҷабов: Оид ба фаъолияти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон  Убайдуллоҳ Раҷабов // СССР. – 2015. – 3 декабр.

Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ