Арғушти ошпазӣ як навъ рақси мазҳакавии мардумӣ мебошад, ки аз тарафи мард ё зан дар тую маъракаҳои хурсандӣ иҷро магардад. Рақс дар таҳти навозиши дойра ё дастаи навозандагон баъзан бо табақи чўбин ё лаълӣ иҷро мешавад. Мазмуни ин рақс аз тайёр намудани хўрокҳои миллӣ: оши палав, оши бурида ва ё оши тўппа иборат аст. Дар арғушти ошпазӣ унсурҳои мазҳака, рақс, пантомима ва сир омезиш ёфтанд.
Чуночи, дар водии Зарафшон мард бо либоси мардона (куртаи сафед, шимми сиёҳ ё кабуд, аз болои тоқии чустӣ бо рўймол баста, миёнбанд, мўзаи сиёҳ) бо таври мазҳакавӣ тайёр намудани оши палавро инъикос мекунанд. Ў табақи чўбин ё лаълии сафолӣ гирифта, болои сар мемонанд ва дар як ҷой чарх зада, оҳиста пайкарро хам карда, табақро аввал ба гардан, баъд ба мобайни китф ва ба пушт мефарорад. Раққос дар ин ҳолат чархзаниро давом дода, пайкарашро оҳиста рост мекунад ва табақро аз пушт ба мобайн китф, баъд ба гардан ва ба болои сар, ба ҷои аввал мебардорад. Ў табақро бо ду даст мегирад ва гирди майдон давр зада, мерақсад. Сипас ба замин мешинад ва табақро пеши худ гузошта, бо ҳаракатҳои пантомимӣ табақи пур аз палавро тасвир мекунад ва тамошобинонро ба оши палав даъват мекунад. Бо ҳаракату ишораҳои мавзуни рақсӣ лаззати ошро ифода мекунад ва кала меҷунбонад. Дар охири рақс табақро бо ду даст пеши бар дошта, мерақсад.
Дар рақси яккаи занона, ки дар базму маъракаҳои занонаи водии Кўлобу Рашт баргузор мегардад, дар он тарзи таҳия ва пухтани оши бурида таҷассум меёбад. Иҷрокунанда ба арзи шартӣ ашёи ошбурӣ: тахтаву тираки ошбурӣ, суфра, элак ва дегро тасвир мекунад. Ў бо куртаи дароз, дар сараш рўймоли калон партофта, нисфи поёнии рухсораашро бо нўги рўймол пинҳон медорад. Раққоса қадамҳои хурд-хурд гузошта, пои росташро мувофиқи зарби доира ба замин оҳиста-оҳиста мезанад. Ҳамин тавр, ў майдонро ду-се бор давр мезанад, гоҳ-гоҳ тез-тез чарх зада, баъдан ба ин ва ё он тараф ҳаракат мекунад. Сипас иҷрокунанда рақсида, назди «суфра» меояд, онро оҳиста бардошта, меафшонад ва дар замин паҳн мекунад, паҳлуи он «тири ош» ва «элак»- ро мегузорад. Назди «суфра» нишаста, бо дастонаш ба «элак» орд андохтан ва бехтани онро тасвир мекунад. Сипас бо дастонаш чобукона тарзи омода кардани хамирро ба ҳамагон намоиш медиҳад. Вақте ки хамир тайёр шуд, ў аз хамир як пораро гирифта, лўнда карда, болои “тахтача” мегузорад ва “тирак” онро тунук карда, бо “корд” (дасташ) онро маҳин мебурад.
Сипас раққоса аз ҷой хеста, хамири буридаи дарозро афшонда, онро даруни “дег” меандозад ва каме дар атрофи “дег” мерақсад, баъд аз лаҳзае як қошуқ аз таом гирифта, мазаи онро мечашад. Ў калла ҷунбонда, ишора мекунанд, ки таоми болаззат пухтааст. Таомро ба табақи калони чўбин бардошта, ба тамошобинон пешниҳод мекунад. Иҷрокунанда бо ҳамин рақсида, аз саҳна берун мешавад.
Мардҳо низ баъзан ин рақсро, яъне таҳияи оши буридаро бо тариқи ҳаҷв иҷро мекунанд. Дар замони муосир “Арғушти ошпазӣ” дар миқёси ҷумҳурӣ паҳн гашта, дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони бадеӣ мавриди истифода қарор дорад.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 48-49.
Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ