Академик Абдулғанӣ Мирзоев ва мактаби илмии ӯ

Академик Абдулғанӣ Мирзоевро устод Соҳиб Табаров олими соҳибмактаб номида буд. Ва ин ҳақиқати маҳз аст. Абдулғанӣ Мирзоев шахсияти нотакрорест, ки дар адабиётшиносии муосири тоҷик соҳиби мактаби таҳқиқотии худ буд ва даҳҳо шогирдонаш имрӯз ҳам дар ин арса майдондорӣ мекунанд. Аз фавти олими маъруф бештар аз 40 сол сипарӣ шуд, вале мактаби вай побарҷост. Иттифоқи нависандагон олими шинохтаро ин гуна муаррифӣ кардааст:

АБДУЛҒАНӢ МИРЗОЕВ 22 ноябри соли 1908 дар шаҳри Китоби вилояти Қашқадарё зода шудааст. Соли 1918 мактаби миёнаро хатм карда, дар навоҳии гуногун дар вазифаҳои котиб ва мудири шуъбаи кумитаи иҷроия фаъолият бурдааст. Дар КИМ РСС Тоҷикистон низ кор кардааст. Хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик», мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» будааст. Соли 1939 факултаи шарқшиносии Донишкадаи давлатии Ленинградро хатм карда, чанд сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе дарс гуфтааст. Солҳои 1942-1944 корманди масъули Сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Эрон будааст.

Аз соли 1945 мудири шуъба, баъдан директори Пажӯҳишгоҳи таърих, забон ва адабиёти АИ РСС Тоҷикистон, мудири шуъбаи ҳамин пажӯҳишгоҳ, устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, мудири Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, аз соли 1951 то дами вафоташ директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ҷумҳурӣ будааст.

Аз соли 1926 мақолаҳояш таҳти тахаллусҳои Гулханӣ, Шаҳдӣ ва Абдулғанӣ чоп шудаанд. Дар таҳқиқ ва омӯзиши таърихи адабиёти класикии тоҷик хидматҳои шоиста кардааст, ки асарҳои пурарзишаш «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947), «Мулҳами Бухороӣ» (1948), «Биноӣ» (1957) ва мақолаҳояш роҷеъ ба ҳаёту эҷодиёти Ҳилолӣ (1948), Сайфи Бухороӣ (1956), Аҳмади Дониш (1962), Ибни Сино (1957), Алишер Навоӣ (1966), Ҷомӣ (1971), ки дар маҷмӯаи «Сездаҳ мақола» (1976) гирд омадаанд, гувоҳи ҳоланд.

Ба муносибати 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1958) рисолаҳои бунёдии ӯ «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва «Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV» ба чоп расиданд, ки то имрӯз аз таҳқиқоти беҳтарин дар Рӯдакишиносии ҷаҳон шумурда мешаванд ва соли 2004, ҳамроҳи куллияи навиштаҳои дигараш дар боби рӯзгору осори Устод Рӯдакӣ, дар китоби «Масъалаҳои рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» таҷдиди нашр шуданд.

Дар таҳия ва нашри осори Рӯдакию ҳамасрони ӯ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Биноӣ, Аҳмади Дониш ва дигар бузургони адабиётамон саҳми назаррас гузоштааст. Муаллифи чанд китоби дарсӣ ва дастурамали таълим будааст.

Иддае аз рисолаву мақолаҳояш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума, баргардон ва чоп шудаанд, ки далели шуҳрати ҷаҳонии ӯву илми ховаршиносии тоҷик аст.

Доктори илми филология (1957), профессор (1960).

Соли 1951 узви вобаста, соли 1957 узви пайвастаи АИ Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар бисёр кунгураву ҷаласаҳои илмии байналмилалӣ (Мюнҳен, 1957; Маскав, 1960; Кобул, 1962; Деҳлӣ, 1964; Теҳрон, 1966, 1971, 1975; Порис, 1973; Машҳад, 1974; Исломобод, 1975) ширкат ва суханронӣ кардааст.

Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972), Ходими хидматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон (1959) ва РСС Ӯзбекистон (1966).

Чанд дафъа вакили мардумӣ дар парлумони замон интихоб шудааст. Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст.

Аз соли 1948 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

16 августи соли 1976 аз олам даргузашт.                                                                     

Дар Китобхонаи миллӣ аз академик Абдулғанӣ Мирзоев ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед дастрас кунед:

  • Мирзоев, А. Боз дар атрофи як қасидаи Рўдакӣ // Маориф ва маданият. – 1971. – 18 ноябр.
  • Мирзоев, А.”Абу  Исҳоқ ва назми асри ХХ: Порча аз рисолаи “Абу Исҳоқ ва фаъолияти адабии ў”// Садои Шарқ. – 1971. – №5. – С.116-125.
  • Мирзоев, А. Ду фикри ғалат роҷеъ ба як қасидаи машҳур: Дар бораи қасидаи “ Бўи  ҷўи мўлиён” – и Рўдакӣ // Садои Шарқ. – 1971. – №9. – С.127-130.
  • Мирзоев, А. ” Захми ҷанги Рўдакӣ” дар Покистон  // Садои Шарқ. – 1975. – №9. – С. 115-125.
  • Мирзоев, А. Сездаҳ  мақола: Аз таърихи адабиёти асрҳои Х- ХV форсу тоҷик. – Душанбе: Ирфон,1977. – С. 288.
  • Мирзоев, А. Дар хизмати халқу ватан: Дар бораи доктори илми филология, муаллифи “ Алифбо” Ҳ. Каримов // Маориф ва маданият. – 1978. – 23 май.

Дар академик Абдулғанӣ Мирзоев

Табаров, С. Соҳиби мактаби илмӣ: Дар бораи академик Абдулғанӣ Мирзоев // Маориф ва маданият. – 1979. – 20 март.                               

Сомонӣ, А. Ситораи тобони ховаршиносӣ: Ёдбуди академики АФ Тоҷикистон, доктори илми филология, прфкссор Абдулғанӣ Мирзоев// Газетаи муаллимон. – 1983. – 17 декабр.

Саидмуродов, Д., Муллоаҳмаджов, Н.  Донишманди  номӣ:  Ҳаёт ва фаъолияти академик  А. Мирзоев // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 20 декабр.

Сайфиев, Н. Нуктасанҷи ганҷшинос: Ба муносибати 80 солагии академики  АИ РСС  Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 29 декабр.

Восеъ, Ҳ. Алломаи соҳибмактаб: Ёде аз  донишманди  маъруф Абдулғанӣ Мирзоев // Садои мардум. – 2001. – 20 октябр.

Каримов, У. Донишманде,ки шўҳрати ҷаҳон дорад: Дар бораи нависанда  Абдулғанӣ Мирзоев // Адабиёт ва санъат . – 2008. – 20 ноябр.

Таҳияи  Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи
библиографияи  миллӣ