Ҳайвонот ва рустаниҳои нодири кишвар дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд 2019-06-12 14:40
«Тоҷикистон алҳақ яне неъмати худодод, як мўъҷизаи табиат, як порча замини биҳишти рўи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кўҳҳои, зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гўшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем ва ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигоҳбон бошем».
Эмомали Раҳмон
Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди рустаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст. Дар китоб мавқеи таснифотӣ, номҳои лотинӣ ва тоҷикӣ, мақоми ҳифз, хусусиятҳои биологӣ ва экологӣ, тадбирҳои ҳифз, харитаи паҳншавӣ ва аксҳои ҳар як намуди рустанӣ ва ҳайвонот оварда шудааст.
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати давлатӣ буда, барои кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омўзгорон ва донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ ва оммаи васеи хонандагону дўстдорони табиат тавсия карда мешавад.
Дар нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуд ҳайвонот ва 226 намуди рустаниҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ доҳил гардида буд. Нашри аввали Китоби сурхи Тоҷикистон тўли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар асоси маълумотҳои ин китоб оид ба ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот чораҳои муассир таҳия ва амалӣ карда шуданд.
Ин чӣ китобест?
Китоби сурх хуҷҷати рўзмарра ва ҷорӣ буда, маълумотҳои дар он овардашуда вобаста ба тағйиротҳое, ки дар сохтори табиии набототу ҳайвонот ба амал меоянд, ба такмил ва навгонӣ эҳтиёҷ доранд. Бо мурури замон таҳти таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла, фаъолияти номатлуби инсон, шароити зисти набототу ҳайвонот ба тағйирот гирифтор мегардад ва намудҳои зиёдтаре дар арафаи маҳвшавӣ қарор мегиранд.
Мувофиқи талаботи Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат (ИБҲТ) маълумотҳо дар Китоби сурх оид ба намудҳои нодир интишоргардида бояд тўли ҳар як даҳ сол вобаста ба тағйиротҳое, ки дар таркиби гуногуни биологии маҳал ба вуқўъ мепайвандад, таҷдид карда шаванд.
Ба Китоби сурх дохил ва хориҷ намудани ин ё он намуди набототу ҳайвонот бояд дар асоси маълумотҳои аниқи илмӣ ҷараён гиранд. Дар солҳои охир дар муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуногунии биологӣ ва ҳолати ҳозираи ҷамоаи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи наботу ҳайвонот маълумотҳои нави илмӣ гирд оварда шудааст, ки имконият медиҳад, ҳолати ҳозираи ҷамоаи табиии онҳо аз нав баҳогузорӣ карда шаванд....
Нашри дуюми «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.
Таҳияи С. Шарифӣ, мутахассиси шўъбаи кӯдакон ва наврасон.