Activities calendar

19 июня 2019

Чӣ гуна бояд китобхониро таблиғ кунем?

 Дар васфи китоб шеърҳову суханҳои ҳикматомез бигўянд ва ба фарзандони худ таъкидҳои муфид кунанд, аз ҷумла: «Писарам, ин шеъро ҳифз кун, зеро мо агар китобхон набошем, аз ин олам ҳеч чизи шоиста барои худ пайдо намекунем. Агар хоҳӣ  ки донишманду муътабар шавӣ, пас китобхон шав, зеро тамоми илмро аз китоб хоҳӣ  дарёфт». Шояд ин суханҳои ширини модар ба зеҳни ў таъсир расонад ва минбаъд вақти худро бо китобхонӣ сипарӣ кунад.

Гуштоспнома

«Гуштоспнома» манзумаи Дақиқӣ мебошад. Ҳазор байти онро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ дохил кардааст. Абёти Дақиқӣ дар заминаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ тақрибан солҳои 977-978 дар замони ҳукмронии Нуҳ ибни Аҳмади Сомонӣ таълиф шудаанд. Шумораи байтҳои манзумаро Фирдавсӣ ҳазор, Муҳаммад Авфӣ бист ҳазор ва Ҳамдуллоҳи Муставфӣ сӣ ҳазор гуфтаанд. Аз он ҳазор байти дар «Шоҳнома» овардаи Фирдавсӣ боқӣ мондааст. Мазмуни байтҳо бо китоби «Ёдгори Зарирон»