Гуштоспнома
«Гуштоспнома» манзумаи Дақиқӣ мебошад. Ҳазор байти онро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ дохил кардааст. Абёти Дақиқӣ дар заминаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ тақрибан солҳои 977-978 дар замони ҳукмронии Нуҳ ибни Аҳмади Сомонӣ таълиф шудаанд. Шумораи байтҳои манзумаро Фирдавсӣ ҳазор, Муҳаммад Авфӣ бист ҳазор ва Ҳамдуллоҳи Муставфӣ сӣ ҳазор гуфтаанд. Аз он ҳазор байти дар «Шоҳнома» овардаи Фирдавсӣ боқӣ мондааст. Мазмуни байтҳо бо китоби «Ёдгори Зарирон» мутобиқ аст.
Абёти Дақиқӣ бо:
Чу Гуштоспро дод Луҳросп тахт,
Фуруд омад аз тахту барбаст рахт.
оғоз шуда, бо
Бад-ў боз хонданд лашкар-шро,
Гузида саворони кишвар-шро.
қатъ шудааст.
Абёти Дақиқиро Фирдавсӣ ба рафти таърихӣ (хронологӣ)-и воқеаҳои «Шоҳнома» мувофиқ намудааст. Ин аз хайрхоҳӣ, эҳтироми сипосу Фирдавсӣ нисбат ба Дақиқӣ шаҳодат медиҳад. Дақиқӣ нахустин шоир аст, ки вазни мутақорибро барои сурудани достони ҳамосии қаҳрамонӣ мувофиқ донистааст. Дар «Гуштоспнома» симои паҳлавонон, майдони ҷанг, размҷўии паҳлавонон дар роҳи ростӣ ва дод тасвир ёфтааст. Вай чеҳраи паҳлавонони ҷоннисор ва ватандўстони ҳақиқиро офаридааст. Ба гуфтаи Дақиқӣ Луҳросп аз тахт фуруд омад ва ба Навбаҳори Балх дохил шуд, ки ба қавли Фирдавсӣ яздонпарастон он хонаро чунон донанд, ки тозиён Маккаро ин замон. Дари хонаро бибаст, бегонаро нагузошт, ҷомаи парастиш пўшид ва рў сўи равшании Додгар кард. Сӣ сол ба пой буд. Гушосп тоҷеро, ки падараш дода буд, ба сар ниҳод ва худро шоҳи яздонпараст хонда, одилу некхоҳу додгар эълон кард.
Аз духтари Қайсар – Катоюн, ки шоҳ ўро Ноҳид мехонд, ду писар – Исфандиёр ва Зарир таваллуд ёфт. Ҳама шоҳон ўро қабул доштанд ба ҷуз Арҷоспи Туронхудой, ки девон дар хидмати ў буданд. Чанд сол гузашт ва аз айвони Гуштосп дарахте баромад, ки баргу бораш панду хирад буд ва номи он Зардуҳишт, ки ҷаҳонро аз аҳриманӣ пок кард. Ба шоҳи Каён гуфт: Пайғамбарам ва барои ту хиради раҳнамо меоварам. Ойину дин биёмўз, ки бе дин бузургӣ хуб нест.
Шоҳ дину ойини ў пазируфт. Бародараш Зарир, шоҳаншоҳи пир, сарону бузургони кишвар ҳама суи шоҳ омаданд ва дини ў бипазируфтанд. Фарри эзадӣ падид омад, дахмаҳо пур аз нури мину (биҳишт) ва тухмаҳо (наслҳо) аз олудагӣ пок шуд. Гуштосп ойини худро бо мубадон дар ҷаҳон бипароканд, оташкадаҳо бунёд намуд. Ба пеши дари оташкадаҳо сарви озоди биҳиштӣ бикошт ва бар сарв навишт, ки «пазируфт Гуштосп дини беҳӣ» ва сарви озодаро гувоҳ кард. Солиён баромад, сарв бисёрбуту бисёршох гашт ва дар бари ў Гуштосп кохи бузурге бино кард ва дар он Ҷамшеду Фаридун ва дигар бузургонро биншонд ва дар болои он бораи оҳанин ба худ нишастгоҳ кард. Ҳамаро ба даври панди Зардушт гаштан фармуд. Ҳама чунин карданд.
Чанде гузашт. Зардушти пир ба шоҳ гуфт, ки ба шоҳони Чину Туркон закот додани ту шоистаи ойини мо нест. Гуштосп пазируфт. Деве ин хабар ба шоҳи Чин бурд, ки Луҳросп бо ту душманӣ дорад. Арҷосп – шоҳи турк ба бузургон гуфт, ки дар Эрон дини пок намонд. Вақт аст, Эрон равему Гуштоспро биронем ва динашро аз байн бибарем. Баъди ин нома ба Гуштосп навишт, ки аз банди пайғамбар раҳо ёбад. Агар ин накунӣ, бо сипоҳе биёям, мулкатро хароб мекунам, замини Эронро бисўзам ва мардумро асир гардонам.
Гуштосп номаро хонд ва Ҷомоспро, ки раҳбари ў буд, паёмбару мубадон ва бародараш Зарирро низ бихонд. Номаро ба эшон бихонд. Зарир ва Исфандёри ҷавон шамшер кашиданд, ки касе Зардушту диноварӣ написандад, сар аз танаш ҷудо кунем. Ба номаи Арҷосп Зариру Исфандёру Ҷомосп бо таҳдиду тунд посух навиштанд. Арҷосп ба Эронзамин лашкар кашид. Гушосп низ лашкар ороста буд. Ҷанги шадиду хунрезӣ шуд. Баъди набард ва задухўрди зиёд Арчосп рў ба гурез овард. Лашкари ў пиёда шуданд ва ба назди Исфандёр омада, дини ўро пазируфтанд. Аммо дар ин ҷанг Зарир ба дасти Бедирафш кушта шуд.
Гуштосп дар тахти шоҳаншоҳӣ нишаст. Оташ афрўхта шуд ва Ҷомоспро унвони мубади мубадон доданд. Қайсар огоҳ шуда, ҳадяву ғуломон фиристод. Шоҳ бузургонро бор дод. Исфандёр бо шукўҳ омад ва пеши ў биистод. Шоҳ тоҷи зарринаш дод ва ҳама шаҳри Эрон ўро супурд. Исфандёр бо зарби силоҳ ба кишварҳои олам бигашт ва дини ўро паҳн мекард. Гуразм ном паҳлавоне дар дил ба Исфандёр кина дошт. Ба ҳар ҷо аз ў бад мегуфт, ҳатто назди падараш ўро бадном кард. Ба шоҳ гуфт, ки Исфандёр дар фикри ба банд афкандани туст. Шоҳ ба ин фитна бовар кард ва дар дил бар писар кин гирифт, ўро ба воситаи Ҷомосп аз дашти корзор бихонд, бо машварати мубадон ба банд кард, бар пушти фил нишонд ва дар кўҳ бар чаҳор сутуни оҳанин бибаст. Исфандёр аз ин кор дар ҳайрат фитод. Ў дар дижи Гунбандон зиндонӣ шуд.
Арҷосп бори дигар ба Балх хуҷум карда, Луҳроспи пирро қатл кард ва ду духтари Гуштоспро асир гирифт. Гуштосп ба муқобили Арҷосп лашкар кашид, вале ду писари ҷавонаш нобуд шуданд ва худаш мағлуб гардид. Бо маслиҳати Ҷомоспи ҳаким Гуштосп қарор дод Исфандёрро аз банд озод намуда, ба ҷанг фиристад.
Дар давоми ин мубориза кушта шудани Луҳросп ва шикасти шоҳи Турон аз забони Фирдавсӣ омадааст. Дар поёни ин гуфтор Фирдавсӣ Дақиқиро роҳбари худ («Ҳам ў буд гўяндаро роҳбар») мехонад. Фирдавсӣ агарчи дар сурудани ҳамоса нисбат ба Дақиқӣ маҳорати бештаре дошт, абёти сурудаи ўро бетағйир ба «Шоҳнома»-и худ дохил кард.
«Гуштоспнома»-и Дақиқӣ аз нигоҳи баён, ҳунари шоирӣ ва услуб дорои вижагиҳои худ аст. Дар он калимаву ибораҳои арабӣ кам ва калимаҳои паҳлавӣ зиёд ба кор рафтаанд, ки Фирдавсӣ ба ин равиши кори ў низ пайравӣ кардааст. Дақиқӣ бо ин равиш робитаи миёни забони форсӣ ва забони паҳлавиро нигоҳ доштааст.
Бозчоп аз: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 630-631.
Дар ин бора дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Дақиқӣ, А. Аз «Гуштоспнома»: Подшоҳии Гуштосп ва омадани Зардушт ба пайғамбарӣ // Намунаҳои адабиёти тоҷик, Сталинобод, 1940, С. 10-12.
Дақиқӣ, А. Лашкар оростани Гуштосп ва Арқаб: Шеър аз «Гуштоспнома» // Тоҷикистони Сурх. – 1946. – 9 июл.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ