Таронасарои баҳору Наврӯз
Нашр шуд 2018-11-26 15:28
Сарвар Амирҷонов умри зиёд надид. Дар баҳорои 48-уми умр аз олам даргузашт. Замоне тарки дунё кард, ки нав шеърҳояш ба дили хонандагонаш роҳ ёфтаву нахустин китобҳояш чоп шуда буданд. Аммо дар ин умри кутоҳ ҳам тавонист бо ашъори тозаву дилкаш ва тарҷумаҳои хубаш умри худро ҷовид гардонад.
Сарвар Амирҷонов 12 ноябри соли 1938 дар деҳаи Ёгиди ноҳияи Дарвози ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1956 омўзишгоҳи омўзгории Ғарм, соли 1961 факултаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, ҷонишини сармуҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), ҳамчунин, корманди рўзномаи «Маориф ва маданият» (1966-1986) будааст.
Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои 50-ум пайдо шудаанд. Муаллифи маҷмўаҳои ашъори «Баҳор мехоҳам» (1986), «Лаъл» (1978), «Гулҳои тирамоҳ» (1989) мебошад.
Шеърҳои алоҳидаи Расул Ҳамзатов, О. Кешоков, С. Смирнов, Роберт Раждественский, Максим Танк, Г. Эмин ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
27 марти соли 1986 аз олам даргузашт.
Бозчоп аз Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 214.
Аз осори Сарвари Амирҷонов дар Китобхонаи миллӣ мехонед:
Баҳор мехоҳам. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 76 с.
Лаъл: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 80 с.
Гулҳои тирамоҳӣ. – Душанбе: Адиб, 1989. – 244 с.
Ба ў ин қисса хоҳам хонд: Шеър // Маориф ва маданият. – 1974. – 13 май.
Васфи диёр: Шеър // Маориф ва маданият. – 1975. – 1 май.
Андеша дар баҳор: Шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1976. – 1 май.
Ситоиши самимӣ; Саргузашти се ғазал: Ҳикояҳо // Маориф ва маданият. – 1979. – 27 октябр.
Хуш аст; Бенасиб мабод; Файзи Наврўз таманност; Ишқи баҳор дорем; Баҳор бодо: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1984. – 28 апрел.
Аҷаб зебост ин дунёи равшан: Дубайтиҳо // Газетаи муаллим. – 1985. – 15 июн.
Пайванд; Аҷаб аст; Меҳр: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1985. – 24 декабр.
Сарсабзӣ; Фасли ҳусн: Шеърҳо // Косомоли Тоҷикистон. – 1986. – 21 март.
Фурўғи дилу рўҳ: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 22 март.
Сафои дил: Шеър // Омузгор. – 1990. – 8 май.
Тарҷумаҳои Сарвар
Багдонавичюс, Казис. Мубоиса: Лавҳа / Аз русӣ тарҷ. Сарвар // Маданият ва маориф. – 1971. – 25 ноябр.
Ардов, В. Зиёфати ғайриоддӣ: Ҳаҷвия / Тарҷ. Сарвар // Маориф ва маданият. – 1972. – 27 май.
Корсунский, А. Сухани ширин: Ҳикояи ҳаҷвӣ / Тарҷумаи Сарвар // Маориф ва маданият. – 1973. – 8 март.
Бойтемиров, Н. Диёри азиз; Мардони роҳ: Шеърҳо/ Аз қирғизӣ тарҷ. Сарвар // Маориф ва маданият. – 1976. – 25 май.
Кено, Р. Дарси аёнӣ: Шеър / Тарҷ. Сарвар // Маориф ва маданият. – 1976. – 5 июн.
Қушоқов, О. Битарс аз роҳи каҷ: Шеър / Тарҷумаи Сарвар // Маориф ва маданият. – 1977. – 15 октябр.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ