Ним сол аз даргузашти Бозор Собир-яке аз маъруфтарин шоирони муосири мо мегузарад. Аввали моҳи май Шоири Халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар шаҳри Сиетли ИМА тарки олам кард. Шоире, ки зарфи қариб се даҳсолаи охир номаш бештар аз дигарон вирди забонҳо буд. Шоире, ки саропо дар ишқи Ватан месӯхт, шоире, ки ҳар мисраъ шеъраш бӯйи сабзаву райҳони Ватан мекард, шоире, ки солҳо дар муҳоҷират зист, вале лаҳзае бе ёди Тоҷикистон набуд, имрӯз дигар бо мо нест. Рӯзи маргаш дар Душанбе ҳаво боронӣ буд ва имрӯз, ки 80-солагии зодрӯзаш аст, боз ҳам Душанбе боронист.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адиби хушномро ин гуна
Агар тири қотил ҷонашро намерабуд, имрӯз ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Чи розҳое бо худ бурд. Адиби номвару навпардоз, шахсе, ки дар ҳар калима даҳҳо маъно ғунҷондааст, ҳадафи тири афроде қарор гирифт, ки шояд дар умрашон сатре аз адабиёт нахондаанд, шояд байте намедонистанд ва намедонистанд, ки ин ин кирдори разилона миллатро аз кӣ маҳрум мекунанд.
Оре, Сайф Раҳимзоди Афардӣ инсоне буд, ки умре аз адабиёту ҳунар гуфт ва бо даҳҳо китоби нонавишта олами моро фоҷеавӣ тарк кард. Ёдаш ба хайру хонаи охираташ нуронӣ бод!
Сайф Раҳимзоди Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) нависандаи тоҷик