Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир
Ним сол аз даргузашти Бозор Собир-яке аз маъруфтарин шоирони муосири мо мегузарад. Аввали моҳи май Шоири Халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар шаҳри Сиетли ИМА тарки олам кард. Шоире, ки зарфи қариб се даҳсолаи охир номаш бештар аз дигарон вирди забонҳо буд. Шоире, ки саропо дар ишқи Ватан месӯхт, шоире, ки ҳар мисраъ шеъраш бӯйи сабзаву райҳони Ватан мекард, шоире, ки солҳо дар муҳоҷират зист, вале лаҳзае бе ёди Тоҷикистон набуд, имрӯз дигар бо мо нест. Рӯзи маргаш дар Душанбе ҳаво боронӣ буд ва имрӯз, ки 80-солагии зодрӯзаш аст, боз ҳам Душанбе боронист.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адиби хушномро ин гуна муаррифӣ мекунад:
БОЗОР СОБИР 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба ҷаҳон омадааст. Бино бар бемаҳал аз падар маҳрум мондан дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор тарбият ёфтааст. Баъди як соли ба сифати китобдор кор кардан, соли 1957, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1962 хатмаш намудааст. Муддате тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, сипас мудири шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», солиёне мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Соли 1990 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Соли 1995, бар асари воқеаҳои маълум, ба ИМА ҳиҷрат намуда, моҳи майи соли 2013, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ватан баргашт. Дар ғурбат низ ҳамеша бо ёди халқу Ватан зистааст ва ашъори муассиру фарогираш дар ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва худогоҳии бештари миллат саҳми назаррас дорад. Иддае аз сурудаҳояш ба таронаҳои мардумӣ табдил ёфта, дар маъракаҳои гуногуни фарҳангӣ садо медиҳанд ва дар таҳкиму тақвияти сарҷамъию муттаҳидӣ ва ташаккули ғурури миллию ифтихори ватандории ҳамагонӣ, бахусус, ҷавонон, ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Фаъолияти эҷодияш аввали солҳои шастуми асри гузашта сар шуда, дар давоми солҳои ҳафтодум ба сифати гӯяндаи ашъори баландмазмуни ватандӯстона ва лирики нозукандеша шуҳрати тамом пайдо кардааст.
Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Пайванд» соли 1972 – дар замоне ба табъ расид, ки шоир ҳам дар ҳаёту ҳам дар адабиёт ба камол расида буд. Он солҳо сарфи ҷустуҷӯю омӯзиш ва дарку эҳсоси амиқи рисолати шеъру шоирӣ ва заминаи ашъоре гардиданд, ки зуд ба дилҳо нишаставу сари забонҳо шудаанд. Аз ҷумла, «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва хеле аз шеърҳои дигараш бо нигоҳи тозаву амиқ, эҳсоси баланди шоирӣ ва меҳри ватандорию ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шуда, сафҳаҳои пурифтихору фоҷиавии таърихи миллатро бозгӯ кардаанд.
Офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Каменная кладка» (Маскав, 1979), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (ба ҳуруфи форсӣ; 1984), «Бо чамидан, бо чашидан…» (1987), «Листья огня» («Оташбарг»; 1990), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъори устод Бозор Собир» (ба ҳуруфи форсӣ; Теҳрон, 1993), «Симхор» (Маскав, 1995), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (Маскав, 1997), «Хонавода пароканда шуд» (чаҳор мақола; Маскав, 2000), «Чорчашм» (2001), «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2006), «Хуни қалам» (2010), «Бист шеърак барои Ардашерак» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2013), «Хӯша-хӯша аз ҳар гӯша барои Анӯша» (2013), «Боғи момаи ангур» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988).
Иддае аз ашъораш ба забонҳои халқҳои шӯравӣ, инглисию олмонӣ, фаронсавию испонӣ ва чехию лаҳистонӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Ашъори чанде аз шоирони маъруфи дунё, аз ҷумла, Байрон, А. Рембо, Г. Апполинер, А. Фет, П. Неруда, Э. Межелайтис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи ашъори Сергей Есенин, ки дар маҷмӯаи «Гулафшон» (ҳамроҳи Лоиқ Шералӣ; 1977) ба чоп расид, сазовори таъкиду таъриф аст.
Очеркҳои портретияш дар бораи Нодири Нодирпур, Мӯъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, навиштаҳояш дар бораи рухдодҳои гуногуни ҳаёту адабиёт, силсилаи мақолаҳояш оид ба давраи ғурбат ва хотираҳояш дар бораи кӯдакию пайвандонаш басо воқеию шоирона буда, манзараву симоҳоро дар пеши назарҳо равшану гӯё ҷилвагар месозанд.
Дар тарбияи як идда шоирони ҷавони хушқареҳа саҳми шоистае гузошта, натанҳо ба шогирдон маслиҳату машварат додаву ба роҳи дурусти эҷод раҳнамунашон аст, балки бо навиштаҳои дилсӯзона махсусияти ҳар кадомашонро таъкид ва дар таҳқиқи батадриҷашон ҳиссагузорӣ намудааст.
Барои хидматҳояш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардонида шудааст.
Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Бозор Собир ва дар бораи ӯ ин асарҳо, шеърҳо ва муоҳибаҳоро метавонед бихонед:
Оташибарг. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 45 с.
Мижгони шаб. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 176 с.
Чашми сафедор. – Душанбе, 1991. – 120 с.
Шоиру шеъре агар ҳаст. – Душанбе: Адиб, 2006. – 328 с.
Хуни қалам. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010. – 131 с.
20 шеърак барои Ардашерак. – Душанбе: Адиб, 2010. – 14 с.
Лолаи сиёҳ. – Душанбе: Адиб, 2013. – 88 с.
Қасамия; Чашми кабуди суғдӣ; Ашкам маро гулўла мезанад; Аз шаршараи мўят менўшаму менўшам; Элок; Оғози ишқам анҷоми ишқам: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 1 январ.
Забони модарӣ: Шеър // Набзи Файзобод. – 1992. – 18 июл.
Ордро бо хун мешўрад: Шеър // Чароғи рўз. – 1992. – №46. – С. 6.
Муҳоҷирати ман ба Америка шояд абадист: Мусоҳибаи интернетии мухбири «Чархи гардун» Н. Туйчизода бо устод Б. Собир // Чархи гардун. – 2008. – 6 ноябр.
Дубора созамат ватан: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2009. – 24 декабр.
Бозор Собир рамзи шеър ва эътироз ё баҳонае барои ёд кардан: 70-солагии ҷашни устод // Миллат. – 2009. – 3 декабр.
Сафаре ба дилҳо: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 13 октябр.
Интеллигент, яъне атеист!: Суҳбати рўзноманигор О. Нозир бо шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир // Тоҷикистон. – 2016. – 9 ноябр.
Дар бораи шоири маъруф
Ғаффор, Сайёд. Осмон ҳам аз ғами Бозор гирён зор-зор…: Ёднома аз ҳаёт ва фаъолияти шоир, шодравон Б. Собир // Истиқбол. – 2018. – №4-6. – С. 40-44.
Худоёрзода, Р. Худгоҳӣ дар шеъри устод Б. Собир: Роҷеъ ба ашъори рангину пурғановати Б. Собир // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 21 июн.
Вақте, ки устод Бозор дар Амрико хуфта буд…: Дар Душанбе хоби ўро таъбир мекарданд // Дунё. – 2018. – 9-19 май.
Қосим, Низом. Дар пушти як акси қадимӣ: Шеър бахшида ба шодравон Б. Собир // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 17 май.
Назар, Ҳ. Меҳрномаи Бозор Собир: Шеър // Ҷумҳурият. – 2013. – 21 ноябр.
Усмон, Г. Дар бозгашти шоири маҳбуб Бозор Собир: Шеър // Садои Шарқ. – 2014. – №6. – С. 122-123.
Шафеъ, Б. Ману мову Бозор…: Дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир // Нигоҳ. – 2015. – 27 май.
Аҳмад, Р. Шеъре ҳамсанги як китобхона: Дар бораи шоири шинохта Бозор Собир // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 21 сентябр.
Қаҳҳорӣ, А. «Шоири халқам бимирам»: Дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди ширинсухан Бозор Собир // Набзи Файзобод. – 2017. – 22 декабр.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ