Азизқулов Ҷумъабой: олим, тарҷумон, пажӯҳишгари мумтоз
Вай ҳикоятҳои бисёреро аз адибони халқҳои Шӯравӣ ва хориҷ аз онро ба тоҷикӣ гардондааст. Ба қалами ў инчунин тарҷумаи осори калонҳаҷми нависандагони ҷаҳон тааллуқ доранд (А. Олимҷонов «Армуғони Утрор», 1973; романи «Пайкони Маҳамбет», 1984; повести С. Карнеев «Осмон беғубор буд», 1975; маҷмўаи ҳикояҳои В. Шукшин «Сўҳбати моҳтобшаб», 1981; роман ва повестҳои Т. Ҷумъагелдиев «Фирор», «Чароғ то саҳар фурўзон буд», «Қолин», «Якрав», 1991; повести Т. Пўлодов «Маро аз ҷангал ҷўед», 1981; романҳои А. Дюма «Се мушкетдор», 1984; «Граф Монте-Кристо», 1985-2010; О. Гончар «Одам ва яроқ», 1985; Й. Авижус «Бехонумон», 1987; С. Нерсесян «Рустам ва Дилоро», 1988; Я. Гашек «Саргузашти сарбози чолок Швейк», 2009 ва ғайра). Дар тарҷумаи Азизқулов истеъдод ва завқи салими бадеии ў зоҳир гаштааст.
ҶУМЪАБОЙ АЗИЗҚУЛОВ адабиётшинос ва тарҷумони тоҷик 10-уми июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Коркуни хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон (1988). Университети давлатии Тоҷикистонро соли 1958 хатм кардааст. Ходими илмиии Институти забон, адабиёт ба номи Рудакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1958-1969), муҳаррири калони илмӣ (1969-1970), мудири редаксияи адабиёт ва забон (1970-1980), котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррир (1980-1988) ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик (1988-1996). Солҳои 1996-2006 котиби илмии Шўрои олимони Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон буд.
Нахустин мақолаҳои адабиву танқидӣ ва тақризҳои Азизқулов охири солҳои 50-ум ибтидои солҳои 60 –ум ба миён омадаанд: мақолаву рисолаҳо оид ба Анварӣ, Саъдии Шерозӣ, Аҳмади Дониш, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, М.Ф. Охундов, Н.В. Гогол, А.П. Чехов, А.М. Горкий, С.Айнӣ, А. Ҳамдӣ (маҷмўаи ашъорашро низ мураттаб кардааст) ва дигарон яке паси дигар навиштаву чоп шуданд.
Яке аз корҳои муҳими анҷомдодаи Азизқулов «Феҳристи асарҳои С.Айнӣ ва адабиёти оид ба ў» (ҳамроҳи З. Муллоҷонова, Душанбе, 1963) мебошад. Баъдан Азизқулов ба тадқиқу баррасии насри классикии форс-тоҷик пардохт.
Ҳиссаи ў дар омўзиши «Синбоднома»-и Заҳирӣ зиёд аст; ў бо номҳои «Пандномаи Синдбод» (1963) ва «Китоби Ҳаким Синдбод» (1971, 2009) таълифоте дорад, ки дар адабиётшиносӣ ва матншиносии тоҷик ба сифати фарзия ва мутобиқати матни адабиёти ниёгон шинохта шудааст.
Матни дигари таҳиякардаи Азизқулов «Гулзори ҳикмат» (маҷмўаи ҳикоятҳои ахлоқӣ аз китобҳои гуногун, Душанбе, 1966) низ дорои ҳамин гуна афзалиятҳост. Азизқулов муҳаррири ҷилди 1 китоби «Самаки айёр» (Душанбе, 1967), омодакунандаи матни ҷилди 2 ин асар (Душанбе, 1970) «Саргузашти Ҳотам» (ҳамроҳи С. Давронов, Душанбе, 1967) ва ғайра мебошад.
Зери унвони «Асл ва пайдоиши китоби Синдбод» пажўҳише анҷом додааст (1974), ки дар он ақидаи дар адабиётшиносии Эрон ва ховаршиносии ҷаҳонӣ шўҳратёфтаи ҳиндиасл будани ин китобро рад карда, дар баромади эронии достон як идда далелҳои илмию таърихӣ ва ақлию мантиқӣ пешниҳод кардааст.
Фаъолияти тарҷумонии Азизқулов баробари фаъолияти адабиётшиносии ў оғоз ёфтааст. Вай ҳикоятҳои бисёреро аз адибони халқҳои Шӯравӣ ва хориҷ аз онро ба тоҷикӣ гардондааст. Ба қалами ў инчунин тарҷумаи осори калонҳаҷми нависандагони ҷаҳон тааллуқ доранд (А. Олимҷонов «Армуғони Утрор», 1973; романи «Пайкони Маҳамбет», 1984; повести С. Карнеев «Осмон беғубор буд», 1975; маҷмўаи ҳикояҳои В. Шукшин «Сўҳбати моҳтобшаб», 1981; роман ва повестҳои Т. Ҷумъагелдиев «Фирор», «Чароғ то саҳар фурўзон буд», «Қолин», «Якрав», 1991; повести Т. Пўлодов «Маро аз ҷангал ҷўед», 1981; романҳои А. Дюма «Се мушкетдор», 1984; «Граф Монте-Кристо», 1985-2010; О. Гончар «Одам ва яроқ», 1985; Й. Авижус «Бехонумон», 1987; С. Нерсесян «Рустам ва Дилоро», 1988; Я. Гашек «Саргузашти сарбози чолок Швейк», 2009 ва ғайра). Дар тарҷумаи Азизқулов истеъдод ва завқи салими бадеии ў зоҳир гаштааст.
Баъди ба нафақа баромадан (1996) Азизқулов ба навиштани мақолаҳо доир ба забон ва сабки таълиф («Забон ва тарзи баён», 2004, «Ҳусни баён», 2006) ва таълифоти ёддоштӣ («Ёде аз И. Брагинский», 2008; «Дар сўҳбати Ҳ. Ирфон», 2010; «Шиносоӣ бо Ҷ. Одина», 2010; «Некном», роҷеъ ба А. Деҳотӣ 2011) ва ғайра машғул аст. Инчунин яке аз муҳаррирони матни тоҷикии китоби 6-ҷилдаи «Саҳеҳ-ал-Бухорӣ» мебошад.
Азизқулов узви Раёсати Кумитаи истилоҳоти АИ ҶТ (аз соли 1990 то мавҷудияти ин кумита) буд. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва нишони «аълочии матбуоти СССР» сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1990.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – 2011. – Ҷ.1. – С. 208-209.
Муаллиф: М. Диловаров
Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҷумъабой Азизқулов ва дар бораи ӯ ин матолиб қобили дарёфт аст:
Абдулқодирхоҷаи Савдо. – Сталинобод, 1960. – 12 с.
Саъдии Шерозӣ. – Душанбе, 1962. – 20 с.
Феҳристи асарҳои С.Айнӣ ва адабиёти оид ба ў то охири соли 1961. – Душанбе: Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, 1963. – 326 с.
Гулзори ҳикмат: Маҷмўаи ҳикояҳо / Таҳияи Ҷ. Азизқулов. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 106 с.
Андўхти рўзгор. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 552 с.
Мероси адабии С. Айнӣ ва интишори он // Ҷашномаи Айнӣ. – Душанбе, 1963. – Ҷ.2. – С. 199-205.
Аҳмадҷони Ҳамдӣ ва мероси адабии ў // Ҳамдӣ А. Маҷмўаи асарҳо. – Душанбе, 1963. – С. 5-21.
Иқдоми нек: Дар бораи нашри достони Абдуллоҳи Ҳотифӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» // Шарқи Сурх. – 1963. – №10. – С. 155-157.
Муборизи ҷасур: Юлиус Фучик ва Айнӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1963. – 23 феврал.
Аҳмадҷони Ҳамдӣ: Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоир-револютсионер // Маориф ва маданият. – 1963. – 23 май.
Ҷашни олим: 60-солагии рўзи таваллуди тадқиқкунандаи намоёни адабиёти классикӣ ва имрўзаи тоҷик И.С. Брагинский // Маориф ва маданият. – 1965. – 13 май.
Тадқиқоти муҳим: И. Брагинский дар бораи Рўдакӣ ба мукофоти давлатии ба номи Рўдакӣ пешниҳод карда шудааст // Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 12 октябр.
Муносибати «Синдбоднома»-и Зоҳирӣ бо абёти Рўдакӣ // Садои Шарқ. – 1966. – №1. – С. 133-138.
Анварӣ: Дар бораи эҷодиёти яке аз намояндагони адабиёти авали асри XII Муҳаммад Авҳаддидини Анварӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1968. – 17 феврал.
«Синдбоднома» - и Рўдакӣ // Маориф ва маданият. – 1971. – 18 ноябр.
Марди шариф, олими шаҳир: Ба муносибати 70-солагии И.С. Брагинский // Маориф ва маданият. – 1975. – 5 июн.
Шоир ва револютсионер: Ба муносибати 100-солагии Аҳмадҷон Ҳамдӣ // Маориф ва маданият. – 1975. – 25 декабр.
Тарҷума ва тарҷумонӣ: Суҳбати Ш. Боев бо адабиётшинос, номзади илми филология, ходими шоистаи фарҳанг, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва СССР Ҷумъабой Азизқулов роҷеъ ба раванди тарҷумонӣ // Фурўғи тарҷума. – 2011. – №1. – С. 112-119.
Дар бораи олим
Акбарзода, Ю. Марде, ки даҳ ангушташ ҳунар аст: Оид ба фаъолияту эҷодиёти шоир, адабиётшинос, луғатшинос Ҷумъабой Азизқулов // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 12 июн
Таҳияи Насиба Дониёрова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ