70 соли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло маҳфили хотирмоне баргузор шуд. Камол Насрулло аз маъруфтарин чеҳраҳои адаби мост, ки бо ашъори нобу дилпазираш мақоми хос дорад. Ӯ 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои тоҷик (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981), раҳбари Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1981-1986), солҳои 1986-2013 муассис ва сардабири моҳномаҳои кӯдакон – «Чашма» ва «Родник» будааст. Соли 2013 муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин гардидааст.
Нахустин чакидаҳои хомааш аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ чоп шуда, дарак аз зуҳури ҷавоншоире умедбахш овардаанд. Баъдан ашъораш дар маҷмӯаҳои «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) «Поиск пути» (дар маҷмӯаи «Молодые поэты Средней Азии». – Маскав, 1982), китоби алоҳидаи «За птицами вслед» (Маскав, 1987),маҷмӯаҳои гуногуни дастҷамъӣ ва маҷаллаву ҷаридаҳои бонуфузи умумииттифоқиву ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.
Маҷмӯаҳои дигари ашъори ӯ – «Дар суроғи чашмаи овоз» (2007) ва «Гулхани гул (2013) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфта, мавриди писанди ҳамзабонони бурунмарзӣ қарор гирифтаанд.
Аз ривоҷу идомадиҳандагони муваффақи мактаби адабии устод Лоиқ буда, дар ашъораш, асосан, муқаддасоту муҳассаноти миллӣ, Модару Ватану Забон, ваҳдату рафоқати ҳамагонӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғибу тараннум кардааст.
Дар танқиду чеҳранигории адабӣ ва очерку публитсистика ҳам дасти тамоме дошта, нисбат ба вақоеъи ҳассоси зиндагӣ ва таҳаввулоти ҷаззоби иҷтимоӣ ҳамеша мақому мароми сазовори шаҳрвандию ватандорӣ ва суханварию ҳунармандӣ зоҳир намудааст.
Бо иддае аз оҳангсозу сарояндагони мумтози кишвар ҳамкории босамари эҷодӣ дошта, силсилаи таронаҳои бар матни ашъораш офаридашуда дар байни мардум аз иштиҳори тамоме бархурдоранд.
Намунаҳои эҷодаш ба як қатор забонҳои мардуми ҷаҳон баргардон ва чоп шудаанд. Худаш низ дар тарҷумаи бадеӣ, махсусан, осори адибони рус, саҳми назаррас гузоштааст.
Соли 1987 барои маҷмӯаи шеърҳои «Гузаргоҳи дил» сазовори Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гаштааст.
Шоири халқии Тоҷикистон (2003).
Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Камол Насрулло ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро хонд:
Барги зуф. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 112 с.
Нидои Шаҳидон. – Душанбе: Маориф, 1981. – 40 с.
Гузаргоҳи дил. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 112 с.
То даме лонаҳо гарманд. – Душанбе: Адиб, 1994. – 192 с.
Тоҷикистонро дигар қисмат макун. – Душанбе: Адиб, 1996. – 192 с.
Дар фурудгоҳи як таманно. – Душанбе: Адиб, 2003. – 272 с.
Фаросўи нигоҳ. – Душанбе: Адиб, 2007. – 228 с.
Рў ба меҳроби Ватан. – Душанбе: Адиб, 2010. – 232 с.
Ашки сапеда. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011. – 204 с.
Баҳори ҷон: Маҷмўаи шеърҳо барои наврасон. – Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2012. – 10 с.
Табрикот дар рўзи муборакашон: Шеър бахшида ба зодрўзи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон // Садои мардум. – 2015. – 5 октябр.
Дар ҳифзи Ватан: Шеър // Омўзгор. – 2015. – 16 октябр.
Ҳисори ман; Ҳисори шодмон: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 22 октябр.
Дар хазонрез; Рў ба рўи зиндагӣ; Дар вуҷуди ман; Ин маҳ куҷо равон аст; Шеър гуфтан-зистан; Ҳарчӣ дорам…: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 31 декабр.
Дар бораи шоир
Олимов, К., Акбаров, Ю. Талош дар роҳи ягонагии халқу Ватан: Асари ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи устод А. Рўдакӣ пешниҳодшудаи шоир Камол Насрулло // Омўзгор. – 1998. – 14 май. – С. 6.
Маъмур, С. То ранг мегирад сухан: Аз эҷодиёти шоир Камол Насрулло // Ҷумҳурият. – 1998. – 18 апрел.
Сабоҳзод, А., Кўҳсорӣ, М. Заврақе соз зи андешаву бар об андоз…: Дар бораи ашъори шоири шинохта Камол Насрулло // Паёми Душанбе. – 1993. – 16 июл.