Ин китоб ҳамин рӯзҳо аз силсилаи “Достони донишварон”, зери назари академик Муҳаммадюсуф Имомзода чоп шудааст ва ба қалами Шодӣ Шокирзода навишта шудааст. Тавре аз номаш ҳам пайдост, китоб ба фаъолияту кору талошҳои Пешвои хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Дар муаррифии китоби мазкур омадааст, ки дар дарозои таърих суннати хирадгароӣ сиришти азалии миллати моро ташкил дода, дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мақоми асосӣ дорад. Сарвари кишвар сиёсатро аз аркони маънавият ҳисобида, дар раванди давлатдорӣ сабақҳои
Дастхатҳо доим ҷустуҷў мешаванд. Қисме аз дастхатҳо, ки дар пўст менавиштанду баъди муддате онро тоза мекарданд ва дастхати дигар сабт менамуданд, ба нестӣ рафтанд. Дастхат китоби чопӣ нест. Дастхатро агар аз даст бидиҳанд, онро барқарор кардан номумкин бувад. Мегуянд, ки бисёр осори ниёгон пурра нестанд.Ҳиссае аз онҳо дастрас шудаасту бас. Кӣ гуфта метавонад, ки бо иллати задухурдҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳо,Чингизхон чӣ қадар дастхатҳои нодир барбод рафтаанд?
Аз ҳудудҳои Машриқзамин берун шудани дастхатҳои ниёгон ҳам бесабаб нест. Ин ба тариқи тороҷгарӣ, тўҳфагузорӣ, хариду фурӯши тоҷирон ва