Дастхатҳои беназири ниёгон

Дастхатҳо доим ҷустуҷў мешаванд. Қисме аз дастхатҳо, ки дар пўст менавиштанду баъди муддате онро тоза мекарданд ва дастхати дигар сабт менамуданд, ба нестӣ рафтанд. Дастхат китоби чопӣ нест. Дастхатро агар аз даст бидиҳанд, онро барқарор кардан номумкин бувад. Мегуянд, ки бисёр осори ниёгон пурра нестанд.Ҳиссае аз онҳо дастрас шудаасту бас. Кӣ гуфта метавонад, ки бо иллати задухурдҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳо,Чингизхон чӣ қадар дастхатҳои нодир барбод рафтаанд?

Аз ҳудудҳои Машриқзамин берун шудани дастхатҳои ниёгон ҳам бесабаб нест. Ин ба тариқи тороҷгарӣ, тўҳфагузорӣ, хариду фурӯши тоҷирон ва ғайра алоқаманд аст.

Солҳои 1871-1877 дар Туркистон маъракаи дастхатғундорӣ гузаронида шуд. Бо амри Генерал- губернатори Туркистон К.П. Кауфман дастхатҳои зиёдеро ҷамъ карда, ба Россия фиристода буданд.

Амири Бухоро ҳам дар навбати худ соли 1913, арафаи ҷашнгирии 300-солагии ҳукмронии оилаи Романовҳо ба подшоҳ Николаи 1 маҷмўи калони дастхатҳои  форсию тоҷикиро ҷамъ карда, фиристода буд.        

Соли 1915 шарқшинос В.А. Иванов ба Бухоро сафар карда буд. Ӯ дар ин ҷо дастхатҳои нодирро ҷамъоварӣ кард. Ҳоло дар шўъбаи Санкт-Петербургии Институти шарқшиносии Академияи фанҳои ИXШС бо унвони «Коллексияи Бухороӣ» иборат аз 1057 ҷилд дастхатҳои арабӣ, форсӣ ва туркии коллексияи ҷамъовардаи шарқшинос В.А. Иванов нигоҳ дошта мешавад. Нусхаҳои дастхатҳои ниёгони моро имрўз дар китобхонаю осорхонаҳои калонтарини ҷаҳон, ба мисли китобхона ва осорхонаи Бритонияи Кабир (Лондон), китобхонаи ҷамъиятӣ-шоҳии Осиё (Лондон), китобхонаи Ҳиндустон-офис, Фаронса (Порис), Вена, Миср, Қоҳира, Теҳрон, китобхона ва осорхонаи Олмон,  осорхонаи Краков (Лаҳистон) ва ғайра дарёфт кардан мумкин аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин муассисае, ки ба ҷамъ овардани осори хатии гузаштагони адабиёти классикии тоҷику форс машғул шудааст, Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло  Китобхонаи миллии Тоҷикистон) мебошад.

 Моҳи марти соли 1933 Институти илмӣ-таҳқиқотии назди Комиссарияти маорифи халқи Тоҷикистон ба ин китобхонаи навбунёд як силсила дастхатҳоро супорида буд. Дар бунёди ҳамин дастхатҳо кормандони китобхона минбаъд ҷустуҷўйи дастхатҳо ва китобҳои чопи сангиро идома доданд. Ҳоло захираи дастхатҳои китобхонаи мазкур беш аз 2250 нусхаро дар бар мегирад. Тазкираҳо, баёзҳо фарҳангҳои гуногуни тасвирӣ, дастхатҳо роҷеъ ба илмҳои таъриху тиб, ҳуқуқшиносию ҷуғрофӣ ва дигар соҳаҳо, ки аз қадим ба мо расидаанд, такомули таркибии луғавии забони адабӣ, бойигарии фарҳанги маънавии мардуми тоҷикро давра ба давра инъикос менамоянд. Бисёрии ин дастхатҳо дар натиҷаи ҷустуҷўҳо ба даст омадаанд ва қисмати дигар, ба мисли дастхатҳои Исмоил бинни Ниёзулмук «Таъбири Султонӣ»-ро Саидҷонови Хуҷандӣ 10-уми июли соли 1957, «Таърихи фирўзшоҳӣ»-и  Зиёвиддини Бараниро Шарифмахсум Дустмуҳаммади Бухороӣ 1-уми августи соли 1957, «Анвори Суҳайлӣ»-и Камолиддин Ҳусайн бинии Алӣ ал-Воиз ал-Кошифиро Азиз Султонови қурғонтеппагӣ 22-уми сентябри соли 1957, «Силсилаи - уз-Заҳаб»- и Абдурраҳмони Ҷомиро Маҳмудҷон Муҳаммадиеви Бухороӣ 22-уми июли соли 1958, «Табақот уш-Шуаро»- и Муҳаммад бини ал-Ҳасан ал-Астарободиро Абдулхоҷа Ғафурови Андиҷонӣ 2-уми июни соли 1962 ба захираи дастхатҳои китобхона супоридаанд.

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.