Дар рисолаи мазкур, ки соли 2018 чоп шудааст, дар заминаи яке аз куҳантарин дастурҳои забони форси тоҷикӣ, ки дар сазамини Чин аз тарафи Муҳаммад ибни Ҳаким ном як донишманди самарқандиасл бо номи «Минхоҷу – т – талаб» дар соли 1660 таълиф шудааст, таҳқиқи муқаддамотӣ анҷом пазируфта, зимнан худи дастур ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Рисола барои истифодаи кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷўёни макотиби олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Дар сарсухани китоб мехонем:
Ибни Надим дар асари бисёр боарзишу мўътабари худ «Ал- феҳрист» ба нақл аз Ибни Муқаффаъ ба анвоъи гуногуни хутуте, ки дар байни ирониён ривоҷ дошта, таҳти ановине чун: дин дафария, вишдабирия, каштач, ним каштач, шоҳдабирия, ҳам дабирия ва ном дабирия ишора намуда аст, ки имрўз дар байни онҳо танҳо ду хат, яъне дин дабирия ё хатти Авесто ва хатти гашта дабира ё хатти паҳлавӣ қобили шиносоӣ аст. Ин сухани Ибни Надим шояд ба эътибори надоштани шиносоии дақиқ ранге
Имсол барои ширкат дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз саросари Тоҷикистон 23 нафар довталаб иҷозаи ширкат дарёфт намуданд. Аз ин 23 нафар 20 нафар ширкат карданд ва 3 нафар бо сабабҳои гуногун ҳузур надоштанд. Озмун дар ошёнаи дувуми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар муддати 07 – 13 декабри соли