Академик Баҳодур Искандаров – фотеҳи ҷанг ва олими муваффақ
Олиме, ки майдони пурхатари ҷангро дидаву солҳо бо бӯйи боруту садои тонку тӯп зистааст. Аз муҳоорибаҳо ҷони солим бурдаву чун фотеҳи ҷанги хонумонсӯз ба Ватан баргаштааст. Аммо вуруд ба шоҳроҳи илм дарҳои дигари пирӯзиро ба рӯяш боз кардааст.
Баҳодур Искандаров 12-уми апрели соли 1912 дар деҳаи Сочарви ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1930 ба Институти таърих, фалсафа ва забоншиносии Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) дохил шуда, онро соли 1936 хатм кардааст.
Аз соли 1973 аъзо-корреспондент, соли 1961 профессор, соли 1966 доктори илми таърих шуд.
Аз соли 1936 то соли 1940 муаллими Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе буд. Соли 1941 қатори ҳазорон нафар ба хизмати аскарӣ даъват шуд ва то соли 1947 бо ширкат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати аскарӣ буд.
Баҳодур Искандаров баъди бозгашт аз хизмати аскарӣ аз соли 1950 то соли 1962 корманди илмӣ ва аз соли 1962 дар вазифаи директори Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши АФ РСС Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Мавзуи асосии тадқиқоти илмии Баҳодур Искандаров таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи 2-уми асри XIX ва ибтидои асри ХХ-ро дар бар мегирад.
Баҳодур Искадаров муаллифи қариб 100 асари илмӣ буда, яке аз муаллифон ва муҳаррирони «Таърихи халқи тоҷик» ба ҳисоб меравад.
Баҳодур Искадаров дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.И. Сино (соли 1973) буда, аз соли 1962 Раиси Ҷамъияти дўстии Тоҷикистон бо Ҳиндустон буд.
Бо орденҳои Ситораи Сурх, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи 1), Байрақи Сурхи меҳнат, медалҳои Барои ғалаба бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, “Барои меҳнати шоён”, “Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Ленин, Нишони Фахрии Ҷамъияти алоқаҳои маданӣ
бо мамлакатҳои хориҷӣ «За вклад в дело дружбы» ва Грамотаи Фахрии Президуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Соли 2004 дар синни 92-солагӣ аз олам рахти сафар барбаст.
Хонандагони арҷманд дар Китобхонаи миллӣ аз академик Баҳодур Искандаров ва дар бораи ӯ ин асарҳо ва мақолотро метавонанд мутолиа намоянд:
Аз осори тоҷикии олим
Искандаров, Б. Забони модарӣ. – Сталинобод: НДТ, 1933 . – 121 с.
Искандаров, Б. В.И. Ленин ва инкишофи таърих дар Тоҷикистон. – Душанбе: Дониш, 1971. – 32 с.
Искандаров, Б. Муаррихи совети тоҷик // ЭСТ. – ҷ. 3. – Душанбе, 1981. – С. 19-20.
Искандаров, Б. Тоҷикистон дар оилаи бародаронаи халқҳои СССР. – Душанбе: Дониш, 1987. – 24 с.
Искандаров, Б. Ифтихори модар: Аз хизмати ҳамдиёрамон Ҳ.С. Маҳмадалиев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1990. – 2 феврал.
Искандаров, Б. Умри кутоҳи бобаракат: Нақл дар бораи яке аз аввалин барпокунандагони Ҳокимияти Шўравӣ дар ҷануби Тоҷикистон Абдулло Убайдуллоев // Тоҷикистони советӣ. – 1990. –2 феврал.
Бо забони русӣ
Искандаров, Б. И. Из истории проникновения, капиталистических отношений в экономику дореволюционного Таджикистана (Вторая пол.19 в). – Душанбе: Дониш, 1976. – 143 с.
Искандаров, Б. Развитие исторических наук в Таджикистане. – Душанбе: Дониш, 1977. – 80 с.
Искандаров, Б., Масов, Р.М. Россия и Таджикистан. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 80 с.
Искандаров, Б. История Памира. – Хорог: Мерос, 1995. – 188 с.
Искандаров, Б. Восточная Бухара и Помир во второй половине XIX в. – Душанбе: Андалеб, 2015. – 664 с.
Адабиёт дар бораи олими маъруф
Ҷамолов, С. Ҳиссаи сазовор дар илми таърихшиносии тоҷик: Танқид ва китобиёт дар бораи китоби Б. Искандаров «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар давраи ба Руссия ҳамроҳкунии Осиёи миёна» // Маориф ва маданият. – 1964. – 24 январ.
Алиҷонов, И, Баҳодур Искандарович Искандаров // Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон барои соли 1972. – Душанбе, 1972. – С. 21-23.
Саъдуллоев, А., Мухторов, С. Дар роҳи мурод: Бахшида ба 70 солагии зодрўзи таърихшинос, академики АФ РСС Тоҷикистон Б. Искандаров // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 15 май.
Боқиев, О. Умри пурсамар: Ба муносибати 70 солагии зодрўзи олими таърихшинос, академик, Б. Искандаров // Бадахшони советӣ. – 1982. – 8 июл.
Саъдуллоев, А., Мухторов, С. Дар роҳи мурод: Бахшида ба 70 солагии зодрўзи таърихшинос, академики АФ РСС Тоҷикистон Б. Искандаров // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 15 май.
Моргунов, А. Маънии ҳаёти кас: Директори Институти таърихи ба номи А.Дониш, академики АФ РСС Тоҷикистон Б.И. Искандаров // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 25 ноябр.
Мирзошоев, М. Қуллаҳо: Очерк аз ҳаёт ва фаъолияти академик, доктори Институти таърихи ба номи А. Дониши АФ Тоҷикистон Б. Искандаров. // Бадахшони Советӣ. –1985. – 6 март.
Боқиев, О. Равшангари таърихи тоинқилобии Осиёи марказӣ: Ба ифтихори 85 солагии академик Б. И. Искандаров // Омўзгор. –1997. – 16 май.
Абдулҳаев, Р., Дустов, Ҳ. Соҳиби зеҳну зако: Аз рузгори олим, донишманди улуми таърих, академик Баҳодур Искандаров // Садои мардум. – 2002. – 6 сентябр.
Ватаншоев, М. Роҳнамое ба роҳи душвор: Дар бораи китоби таърихшинос Баҳодур Искандаров «Роҳи душвор ба сўи дониш» // Садои мардум. – 2002. – 19 январ.
Таҳияи Баргигул Наботова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ