70 соли пурбаракати умри адиби хушнавис муборак бошад!
Нашр шуд 2017-08-07 09:26
Панҷуми августи соли равон Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба синни мубораки 70 даромад. Адиби маъруф 5-уми августи соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст.
Абдулҳамид Самад замоне по ба арсаи адабиёти тоҷик қадам гузошт, ки насри тоҷик давраи ҷустуҷӯ ва таҳаввули тозаро аз сар мегузаронд. Чаҳорчӯба ва қолабҳои қаблан шаклгирифта шикаста шуданд, дидгоҳҳо ва сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Чун дар рӯзноманигорӣ солҳо қувва озмуду хабару лавҳаю очеркҳои бешумораш дар бонуфузтарин рӯзномаи вақт “Тоҷикистони Советӣ” ба табъ расида, ҷавони ҷӯяндаю мушоҳидакор аз асрори ҳаёти шахсию ҷамъиятии одамони касбу кори гуногун ва рӯзгори мардуми маҳалҳои мухталифи ҷумҳурӣ хуб огоҳ гашта буд, бо истифода аз муҳити адабии нав бе душворӣ вориди майдони адабиёт гардид.
Пайгирона дар ҷустуҷӯ ва муайян гардидани роҳи хоси эҷодӣ шуд ва онро дарёфт. Ифодаи фасеҳу муассири ҳолати равонӣ ва афкору амали қаҳрамонон бо сюжети тезу тунд хусусияти фарқкунандаи осорашро ташкил дод. Дар жанри ҳикоя ва минбаъд қисса аз сарнавишти инсон сухан мегӯяд, инсон, рафтору кирдор, ғаму шодиашро ҷанбаи асоси тасвир қарор медиҳад. Усули нигоришаш ба мавзӯъу масъала, муҳит, замону макони воқеа зич алоқаманд аст. Нависанда на танҳо донишу идроки аз зиндагии рӯзмарра ва муносибати инсонҳо ғункардааш, балки ғановоти маънавию ақлонии худро ба хонанда қисмат мекунад, андешаву назари хешро дар бобати рафтору амали одамон, муносиботи онҳо ба ҳолатҳои хушу нохуши ҷомеа дар пирояи бадеӣ устодона баён месозад.
Ҳамдардию дилсӯзии адиби ҳушманд гоҳ бо лутфу зарофати нозук, лаҳзае бо танзу таънаи истеҳзоомез, даме бо ҳаҷву танқиди фошкунанда баён меёбад. Ҳамаи инҳо имкон додаанд, ки нигоранда дар воқеаи хурд рафтору амали оддию муқаррарӣ, чизи муҳим, зиндагиро бинад. Чунки биниш меъёри бадеию эҷодӣ ва зебоишиносиро дар тамоми асарҳои Абдулҳамид Самад ба ин ё он тарзу ба рангу равғани хос ташкил медиҳад.
Дар бораи ин адиби маъруф, ки бо даҳҳо ҳикояву повесту романҳояш кайҳост дар қалби хонандагон ва дӯстдорони каломи бадеъ ҷой гирифтааст, метавон соатҳо навишту даҳҳо варақро сиёҳ кард. Вале ҳадафи мо ҳоло на ин аст. Ҳадафи мо муборакбодии 70-умин солгарди умри адиби маъруф аст. Ва ба хонандагони худ муроҷиат мекунем, ки ҳар касе мехоҳад дар бораи адиб зиёдтар донад, ҳар касе мехоҳад ошноии бештаре бо асарҳои мондагораш дошта бошад, ба Китобхонаи миллӣ ояд ва ҳар қадар адабиёт, ки мехоҳад, пайдо мекунад.
Мо ҳам барои осонии кори хонанда дар зер Китобномаи ӯро чоп мекунем ва матолиби китобнома куллан дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад.
Ва боз: порчае аз охирин романи адиби соҳибзавқро ҳам дар бахши алоҳида интишор додаем, ки онро метавонед аз ин ҷо дарёфт кунед: Абдулҳамид САМАД ГАРДИШИ ДЕВБОД (порча аз роман)