Китобхонаи миллӣ

Услуби созмондиҳии шабҳои адабӣ. Машварат ба китобдорон

Созмондиҳии шабҳои адабӣ дар китобхонаҳо вазифаи асоси кормандони китобхонаҳо ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми шабҳои адабӣ баланд гардонидани сатҳи фарҳангию маърифатӣ ва донишмандўзию иттилоотии хонандагону тарғиби осори адибон мебошад. Маҳфилҳои адабӣ яке аз воситаи муҳими ташфиқу тарғиби адабиёт ба ҳисоб рафта, созмондиҳии онҳо тайёрии ҳамаҷонибаро

Ба муносибати 85-умин солгарди милоди Фурӯғи Фаррухзод. АЗ ЁД РАФТА

АЗ ЁД РАФТА 

Ёди бигзашта ба дил монду дареғ,
Нест ёре, ки маро ёд кунад.
Дидаам хира ба рах монду надод,
Номае то дили ман шод кунад.

Худ надонам чӣ хатое кардам,
Ки зи ман риштаи улфат бигусаст.
Дар дилаш ҷойе агар буд маро,

Даргузашти Зебунниссо Қутбиддинова – ҳамсари шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ. Лоиқи заминӣ. Суҳбате, ки чанд сол пеш интишор ёфта буд

Зебунниссо Қутбиддинова-ҳамсари шодравон Лоиқ Шералӣ, шоири маҳбуб аз олам даргузашт. Писари шоир Диловар Шералӣ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод. Вай навишт, ки ҷанозаи хонум Зебунниссо ҳоло дар роҳ ба самти Панҷекат аст ва ҷаноза имрӯз баъд аз зуҳр барпо мешавад. Худо биёмурзад муаллима Зебунниссо Қутбиддиноваро, ки умре дар мактаби рақами 54 ба номи Лоиқ Шералии пойтахт муаллмиӣ кард ва баъди марги устод Лоиқ як гӯшаро ба шоири маҳбуб ихтисос додаву онро ҳамарӯза бо маводҳои тозачоп дар бораи шоир нав мекард.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ боре ба ин ҷониб гуфта буд: Агар Зебунниссо намебуд, Лоиқ Лоиқ намешуд.

ИБРОҲИМ УСМОНОВ: "Ёддоштҳо" - ро дуруст наомӯхтаем

 Устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР яке аз чор адиби бузурги Шарқи нимаи аввали асри XX шинохта шудааст. Яке аз асарҳои бузурги ӯ «Ёддоштҳо» мебошад, ки бузургтарин асари насри адабии Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар он рӯзгори ҳамзамонони Айнӣ инъикос  ёфтааст.

 Леонид Леонов «Ёддоштҳо» - ро чун новеллаҳо шинохтааст. Воқеан, дар ин асар ҳикоя, қисса, ривоят, воқеаҳое тасвир шудаанд, ки риштаи пайванди онҳо сарнавишти муаллиф ва ҳунари эҷодии ӯст.

Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад

  Садриддин Айнӣ як саҳифаи сифатан нав дар таърихи адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи тоҷик мебошад. Агар аз асри IX-X то асри XX адабиёти мо классикӣ ва оламгир дониста мешуд, вале тарзу тариқи тасвираш асосан романтикӣ, равонӣ ва ирфонӣ буд. Аммо аз ибтидои асри XX сар карда, дар афкори адабии тоҷикии мо тағйироти сифатӣ ба вуҷуд омад.

ҚИБЛАИ УМЕД

  Ҳар боре, ки ҳамчун намояндаи Кумитаи андоз дар вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе сафари корӣ доштам, чун вақти бозгашт фаро мерасид ҳамеша имдодталабона ба ман мегуфтӣ: “Дилҷон, биё, боз як шабакаки дигар қати ман ист, аз дидори якдигар сер шавем, ту нахустфарзандам, меҳри аввали ман ҳастӣ, суханҳое ба ту гуфтан мехоҳам, ки зеби гӯши бегонагону дигарон нест”. Муддате ки ман аз ту масофаҳои тӯлонӣ дур будам, чанд маротиба барои сари марқадат гул фиристодам, зеро гулро бисёр дӯст

 

Страницы