Қоидаҳои сабти ном

Барои сабти номи истифодабарандагон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳоди шиноснома ҳатмист. Хонанда пеш аз он ки дар Китобхона сабти ном шавад, акси ӯ гирифта шуда, дар баробари маълумоти шиноснома сурати ӯ низ дар корти пластикӣ ҷой карда мешавад. Инчунин хонанда бояд 10 сомонӣ маблағи кортро супорад. 
Баъд аз ин ба хонанда корти пластикии электронӣ ва коди махфӣ дода мешад. Бо ин корт хонанда метавонад аз феҳристи ягонаи барномаи ALEPH ва китобхонаи электронӣ муддати 3 сол бе мамоният истифода барад. 
Дар сўрати гум шудани корти пластикӣ лозим аст, ки хонанда фавран ба масъулони Шуъбаи хизматрасонӣ ва ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намояд.