Падидаҳои фарҳанги аҳди Сомониён
Нашр шуд 2019-08-20 16:25
Забони форсии дарӣ, ки имрўз унвони тоҷикиро гирифтааст, дар заминаи гӯишҳои маҳаллии ин сарзамин ташаккул ёфта, на танҳо забони расмию давлатии Сомониён гардид, балки ба забони шевои шеъру адаб ва илм табдил ёфта, барои наслҳои оянда низ намунаи ибрат шуд. Дар тӯли беш аз ҳазор сол ин забон таровату фасоҳати худро нигоҳ дошта, ниёзҳои ҷомеаро бароварда мекунад. Муҳимтарин мазўъҳои адабиёту ҳунари мо дар ҳамин давра ба суннати пойдор табдил ёфта, дар асрҳои баъдина идома пайдо кардаанд. Чунин суннатҳо дар навъу қолабҳои шеър низ ба назар мерасанд, ки аксари онҳо дар тўли таърих бе ҳеҷ тағйиру табдил то имрўз истифода мешаванд.
Дар таърихи ҳар халқу кишвар давраҳои муҳиме ҳастанд, ки на танҳо рушду камоли онҳоро нишон медиҳанд, балки роҳи оянда ва сарнавишти онҳоро муайян месозанд. Барои мардуми тоҷик даврони Сомониён аз ҳамин гуна давраҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқи тоҷик анҷом пазируфта, низоми давлатдории он истеҳком ёфт. На танҳо истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ба даст омад, балки забон ва адабиёту фарҳанг низ аз тасаллути аҷнабиён наҷот ёфта, рў ба такомул ниҳоданд ва дар маркази гуфтугўи тамаддунҳои Шарқу Ғарб қарор гирифтанд.
Илм дар ин давра рушди бесобиқа пайдо кард. Бузургтарин донишмандони олам мисли Абуалӣ ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ дар ҳамин даврон зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Барои пешрафти онҳо муҳите, ки Сомоноиён ба вуҷуд оварда буданд, бешубҳа мусоидат кардааст.
Забони форсии дарӣ, ки имрўз унвони тоҷикиро гирифтааст, дар заминаи гӯишҳои маҳаллии ин сарзамин ташаккул ёфта, на танҳо забони расмию давлатии Сомониён гардид, балки ба забони шевои шеъру адаб ва илм табдил ёфта, барои наслҳои оянда низ намунаи ибрат шуд. Дар тӯли беш аз ҳазор сол ин забон таровату фасоҳати худро нигоҳ дошта, ниёзҳои ҷомеаро бароварда мекунад. Муҳимтарин мазўъҳои адабиёту ҳунари мо дар ҳамин давра ба суннати пойдор табдил ёфта, дар асрҳои баъдина идома пайдо кардаанд. Чунин суннатҳо дар навъу қолабҳои шеър низ ба назар мерасанд, ки аксари онҳо дар тўли таърих бе ҳеҷ тағйиру табдил то имрўз истифода мешаванд.
Дар ин давра соҳаҳои гуногуни ҳунару фарҳанг низ мисли меъморию кандакорӣ, мусиқию наққошӣ хеле рушд ёфта, шоҳкориҳои беназире ба ёдгор гузоштанд.
Бесабаб нест, ки муҳаққиқон, аз ҷумла донишмандони маъруфи амрикоӣ Ричард Фрай ин давраро давраи тиллоӣ ё заррини фарҳанги мардумони ориёӣ номидаанд.
Арзишҳои баланди моддию маънавии фарҳангу тамаддуни ин даврон дар воқеъ таваҷҷуҳи оламиёнро ҷалб намудааст ва дар ин бора асарҳои зиёде таълиф шудаанд, вале заминаҳо ва омилҳои пайдоишу ташаккули онҳо ба қадри зарурӣ таҳқиқ нагардидаанд. Баррасии ин масъалаҳо аз як тараф моҳияту шаҳомати ин фарҳангро ба оламиён муаррифӣ кунад, аз сўи дигар роҳнамои ҷомеаи имрўз гардида, роҳи зиндагии мардумро равшан месозад. Осори адабиву ҳунарии ин даврон дар тарбияи маънавиву ахлоқии мардум дар замони ҷаҳонишавӣ ва зуҳури ҷараёну равияҳои нави ифротиву зиддибашарӣ хеле судманданд ва метавонанд пеши роҳи онҳоро гиранд.
Аксари мақолаҳои ин маҷмуа қаблан дар маҷаллаву маҷмуаҳои гуногун чоп шудаанд ва мавзуъ ва масъалаҳои мухталифи забон, адабиёт, таърих, илм, фарҳанг ва ғайраро дар бар мегиранд. Риштаи пайванди онҳо муҳити созгори фарҳангиест, ки давлати Сомониён ба вуҷуд оварда буд ва он дарвоқеъ заминаи ташаккул ва рушди паҳлуҳои гуногуни фарҳанги он даврон ва асарҳои баъд ба шумор меравад.
Ин сарсухани Мирзо Муллоаҳмад ба китоби тозанашри худ “Падидаҳои фарҳанги аҳди Сомониён” буд. Китоб соли равон бо пешгуфтори узви пайвастаи АИ Ҷум ҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ чоп шудааст ва чанд нусха аз он ахиран ба Китобхонаи миллӣ расид.
Мутолиаи чунин китобе пурмуҳтаво барои кулли хонандагон аз аҳамият холӣ нест.
Шаҳло Раҳимова,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.