Ҳудудан 60 нафар донишомӯзони давраҳои омӯзиши забонҳо дар Китобхонаи миллӣ соҳиби Шаҳодатномаҳо шуданд

Наздик ба 60 нафар аз ҷумлаи зобономӯзон дар Китобхонаи миллӣ ахиран соҳиби Шаҳодатномаҳои хатми давраҳои омӯзишӣ шуданд.

Дар назди Китобхонаи миллӣ курсҳои гуногуни омӯзиши забонҳо амал мекунанд, ки хоҳишмандон дар онҳо забонҳои русӣ, инглисӣ, куриёӣ, чинӣ ва арабӣ меомӯзанд. 

Барои донишмӯзон ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудаанд: тахтаи синф, компютерҳо, муаллимони соҳибтаҷриба.

Дар айни замон се гуруҳ забони русӣ, ду гуруҳ забони чинӣ, се гуруҳ забони куриёӣ, панҷ гуруҳ забони арабӣ меомӯзанд. Гуруҳҳо аз 6 то 12 нафарро дар бар мегиранд ва ин ба муаллим имкон медиҳад, ки вақти бештареро бо ҳар забономӯз сарф кунад. 

Ҳамаи устодон соҳибтахассусанд. Чунончӣ, устоди забони чинӣ шаҳрванди Чин буда, муаллими Донишгоҳи Конфутсияи ин кишвар мебошад.

Забони куриёиро низ зобономӯзон аз омӯзгори Куриё меомӯзанд ва ӯ аз ҷумлаи муаллимони соҳибтаҷриба бо собиқаи зиёди кори педагогист.

Ҳамчунин яке аз арабидонҳои шинохтаи кишвар ба забономӯзон забони арабӣ меомӯзад.

Дарси забонҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ дар мувофиқа бо Вазорати маорифи кишвар ташкил шудааст ва хатмкунандагон дар анҷоми давраҳои омӯзишӣ ва супурдани имтиҳону санҷишҳо соҳиби Шаҳодатномаҳо мегарданд.

Шаҳло Раҳимова