Мағозаи китоб ва нигористони Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2015-12-02 14:23
Мағозаи китоб
Мағозаи фурўши китоб, ки бо ташаббуси роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ташкил шудааст, як маъхази дарёфти китобҳои беҳтарин барои хонандагон аст.
Дар ин мағоза китобҳоро метавон доир ба ҳар соҳа, аз ҷумла ториху ҳуқуқ, забоншиносӣ, адабиёти бадеӣ, тиб, илмҳои дақиқ, равобити байналмилалӣ, фарҳангнигорӣ пайдо кард.
Дар ин ҷо ҳамчунин метавонед луғатҳои зиёдеро пайдо кунед, луғатҳои соҳавӣ, луғати имло, тоҷикӣ ба русӣ, русӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба инглисӣ, инглисӣ ба русиву тоҷикӣ, олмонӣ ба тоҷикиву русӣ ва русӣ ба олмонӣ дар интихоб қарор доранд.
Мағоза аз ноширон китоб қабул мекунад, баъзан худи муаллифон китобашонро ба фурӯш пешниҳод мекунанд. Ба дигар маънӣ дар рафҳои китоби ин мағоза ҳам китобҳои куҳнанашр ва ҳам тозанашрро метавон дид.
Макони ҷойгиршавии мағоза дар ошёнаи аввал аст ва дари вурудии он аз тарафи кӯча боз мешавад. Барои ворид гардидан ба мағоза зарур нест, ки муштарӣ узви китобхона бошад.
Дарҳои ин мағоға ҳамарӯза бозанд ва толибони китоб метавонанд аз субҳ то шом аз он дидан кунанд.
Нигористон
Дар нигористони китобхона зиёда аз 350 асари рассомӣ, ки дар онҳо табиати зебову мафтункунандаи Тоҷикистон, манзараҳои дилфиреби он, лаҳзаҳои зиндагии мардум дар шаҳру деҳоти кишвар тасвир шудаанд, ба намош ва фурӯш гузошта шудааст.
Ин мусаввараҳо, ки дар сабкҳои гуногуни санъати рассомӣ офарида шудаанд, маҳсули эҷодии рассомони шинохтае чун З. Собиров, О. Исмоилов, Э. Олимов, З. Мирзоев, Д. Меҳтоҷов, Л. Қурбонова, Э. Суюнов, И. Сангов, З. Давлатшоева ва даҳҳо тани дигар мебошанд.
Дар нигористони китобхона ҳамчунин маҳсули заҳматҳои хорошикани гулдўзону заргарон ва кулолгарони тоҷик ба намоиш ва фурўш гузошта шудааст.