Ганҷҳои озмун. Муродҷон Бойсаризода. Даҳсола аз шаҳри Исфара
Нашр шуд 2020-12-11 14:02
Муродҷон Бойсаризодаи 10-сола ширкаткунандаи озмун дар номинатсияи адибони ҷаҳон буд. Аз вилояти Суғд аст. 10 сол дорад ва дар мактаби №10 шаҳри Исфара таҳсил мекунад.
Муродҷон Бойсаризода аз ашъори шоирону нависандагони тоҷик, рус, қирғиз, фаронсавӣ, англис ва олмонӣ зиёд хондааст, шеърҳо азёд кардааст. Вай мегӯяд бештар аз ду ҳазор мисраъ шеър медонад. Ва ҳамаи ин порчаҳои шеъриро аз осори адибони шинохтаи олам, аз ҷумла Гёте, Ҳуго, Пушкин, Лермонтов, Ершов азёд кардааст. Аз осори классикони адабиёти тоҷик, аз ҷумла Саъдиву Ҳофизу Хайём низ шеър медонад.
Бойсаризода, ки ду рӯз пеш пурсида шуда буд, гуфт, ки дар бораи фаъолияти адабии бештар аз 30 адиби оламшумули ҷаҳонӣ маълумоти муфассал дорад.
Зиёда 500 афсонаи русӣ, тоҷикӣ, қиғизӣ, амрикоӣ, арабӣ аз худ намудааст.
Малика Абдуллоева,
шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.