Ин китоби тозанашр чуноне аз номаш пайдост, ба фаъолиятҳои бонкӣ бахшида шудааст ва дар он масоили асосҳои ҳуқуқии гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ва аҳамияти иқтисодии онҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, амалиётҳои пассивӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, амалиёт бо пулҳои нақд, амалиётҳои қарзӣ, амалиёти хазинавӣ, амалиёти миёнаравӣ, амалиёти асъорӣ, амалиёт бо қоғазҳои қиматнок, гузаронидани амалиёт бо принсипи низоми бонкдории исломӣ, шаклҳои маҳсулоти муосири бонкӣ , сохтор ва бартарии активҳои бонк ва ҳисоботи бонкӣ арзёбӣ гардидаанд.
Дар шароити имрӯза рушди устувори иқтисодиёт бевосита
Китоби мазкур бо талоши дастаҷамъии ҳайати эҷодии нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” таҳия гардида, ба таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии рӯзномаи “Народная газета” ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мураттибон дар китоб феҳристи маводи дар ҳамин рӯзнома нашршударо дар бораи кору фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ намудаанд.
Қобили зикр аст, ки рӯзномаи “Народная газета” ягона нашрияи давлатиест, ки барои мардуми русзабон чоп мешавад.