Ин китоби тозанашр чуноне аз номаш пайдост, ба фаъолиятҳои бонкӣ бахшида шудааст ва дар он масоили асосҳои ҳуқуқии гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ва аҳамияти иқтисодии онҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, амалиётҳои пассивӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, амалиёт бо пулҳои нақд, амалиётҳои қарзӣ, амалиёти хазинавӣ, амалиёти миёнаравӣ, амалиёти асъорӣ, амалиёт бо қоғазҳои қиматнок, гузаронидани амалиёт бо принсипи низоми бонкдории исломӣ, шаклҳои маҳсулоти муосири бонкӣ , сохтор ва бартарии активҳои бонк ва ҳисоботи бонкӣ арзёбӣ гардидаанд.
Дар шароити имрӯза рушди устувори иқтисодиёт бевосита бо низоми бонкӣ алоқамандии зич дорад. Бинобар он, аз фаъолияти самараноки ташкилотҳои қарзи рушди иқтисодиёт вобастагии зиёд дорад. Бонкҳои тиҷоратӣ як воҳиди сохтори низоми иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, муомилоти пулиро ба танзим медарорад.
Бонкҳои тиҷоратӣ дар ҷараёни фаъолияти худ амалиётҳои молиявиро гузаронида, дар рушди иқтисодиёт нақши муҳимро иҷро менамоянд, ки ҳамаи ин амалиётҳо дар китоби дарсии мазкур баррасӣ гардидаанд.
Китоби дарсӣ барои иҷрои корҳои мустақилона бо назардошти дастурҳои методие, ки мувофиқи барномаи таълимӣ тартиб дода шудаанд, пешниҳод мегардад. Дар китоб барои мустаҳкам кардани донишҳо вобаста ба ҳар як мавзуъ саволҳои санҷишӣ, тестҳо, масъалаҳои супоришӣ тартиб дода шудаанд, ки онҳо барои тақвияти фаъолияти пурсамари таълимии донишҷӯён ва магистрантони ихтисосҳои молиявию бонкдорӣ мусоидат менамоянд.
Исроил Иброщимов