Дастури раҳнамо аз маркетинг ва менеҷмент

 

 Китобхона дорои 28 толори хониш барои 1800 ҷойи нишаст, 28 махзан барои нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китоб, 36 шуъба, бахш ва марказ буда, 518 воҳиди корӣ дорад.

 Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури наве бо номи “Раҳнамои хонанда” тоҷикиву русӣ омода кардааст. Ин китобча чуноне аз номаш пайдост, дастури раҳнамо ба хонанда ва меҳмонони Китобхонаи миллист. Дар сарсухан омада:

 Нобиғаи фарҳанги ғании миллати тоҷик, шоири тавонову олими беҳамто ва донишманди закиву марди фозил Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

 Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст.

Бувад бемузду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде.

 Ин чор мисраъ шояд замоне гуфта шуд, ки Ҷомии бузургвор мехост назарашро дар мавриди китобу мутолиа кўтоҳу мўҷаз ва возеҳу рўшан баён созад. Шояд ин посухи суоле аз кадом шогирду муридаш буд, ки мехост андешаи устодашро дар бораи китоб дониста бошад.

 Китоб дурри ноёб, калиди асрори илму хирад, ҳамсуҳбати беминнат ва ҳамнишине бовафост. Шахси китобхон ҳамеша дили зиндаю бедор дорад. Ганҷинаи хаттии бебаҳои ниёгонамон оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт нақл мекунад, ки ҳамчун чароғи равшан дар шаби зулмот барои роҳнамоии насли наврас ба мерос гузошта шудаанд.

 Китобхонаи давлатии Тоҷикистон соли 1933 таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ўро гирифт. Соли 1993 бошад мақоми миллиро касб кард.

 4 сентябри соли 2007 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави Китобхона гузошта шуд.

 Маросими расмии ифтитоҳи бинои нав дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ – 20 марти соли 2012 бо ширкати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид ва ин муассисаи бонуфузи фарҳангӣ бо номи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурўъ кард.

 Мувофиқи стратегияи рушди МД КМТ самтҳои афзалиятноки фаъолияти он иборатанд аз:

-созмон додани фазои ягонаи иттилоотӣ дар мамлакат;

-қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;

-фароҳам овардани маҷмўаҳои умумии фондҳои ҳуҷҷатӣ, нигоҳдорӣ, коркарди илмӣ ва таъмини ҳифзи воқеии онҳо;

-ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маҷмўаи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷии аҳамияти илмӣдошта ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон табъу нашр мегарданд ва нашрияҳое, ки новобаста ба ҷойи чопашон, доир ба Тоҷикистон мебошанд, дар ҳамаи навъи воситаҳои интишорӣ: анъанавӣ (нашрияҳои чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гўё, овоздор), маҷозӣ (дастёбӣ ба манобеи Интернет);

-коркарди илмӣ ва дастрасӣ ба фондҳои китобхона тавассути низоми феҳристҳои анъанавӣ ва электронии муосир, фароҳам овардани китобхонаҳои электронӣ, манбаъҳои иттилоотӣ ва хазинаҳои маълумот, ташкили дастрасии озод ба онҳо, инчунин ба дигар захираҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ, ширкат дар табодули иттилоот;

-иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ;

-ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи китобдорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд;

-ширкат дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ.

Бино 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Қисми «а» - аз 9 ошёна бо таҳхона, қисми «б» ва «в» аз 6 ошёна бо таҳхона, қисми «г» аз 4 ошёна иборат аст. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро инъикос менамояд.

Китобхона дорои 28 толори хониш барои 1800 ҷойи нишаст, 28 махзан барои нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китоб, 36 шуъба, бахш ва марказ буда, 518 воҳиди корӣ дорад.

Меҳрангез Наврӯзшоева