Арзиштарин мерос ба наслҳо ин китоб аст
Нашр шуд 2016-10-28 17:22
Ҳамаи шуъбаҳову марказҳои Китобхонаи миллӣ ба иқдоми пешгирифтаи шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайвстанд ва сар аз 27-уми сентябр тибқи барномаи “Даъват ба китоб ва Китобхона” вориди муассисаҳои таълимӣ шудан
Аз ҷумла, кормандони шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии № 2, № 15 ва № 16 - и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои даъвати хонандагон рафтанд. Баргузории чунин чорабиниро роҳбарияти Муассисаи мазкур судманд арзёбӣ намуда, ба даъватгарон кумакҳои амалии хешро расонданд.
Ҳамчунин, шуъбаи библиографияи миллӣ якҷо бо шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба Муассисаҳои таҳсилоти умумии № 20, № 21 ва № 23-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рафтанд.
Дар ҷараёни ин вохӯриҳо суҳбат дар бораи шароитҳои Китобхонаи миллӣ рафт ва ба хонандагон дар бораи толорҳои хониш, васоилу имкониятҳои техникӣ, шеваҳои гуногуни хизматрасонӣ ва ғайра маълумот доданд.
Пурсиши кормандони Китобхона нишон дод, ки миёни хонандагони синфҳои гуногун даҳҳо нафар узви китобхона буданд ва онҳо худ дар бораи шароитҳои Китобхонаи миллӣ ба ҳамсинфонашон нақл карданд.
Дар поёни барнома дастурҳои раҳнамоикунанда ва варақаҳои таблиғотӣ миёни хонандагон тақсим карда шуданд.