Як рӯз баъди Рӯзи Модар: Чанд намуна аз “Модарнома”-и абарустод Лоиқ Шералӣ

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

ДАР ШАБИ БОРОН

Ин шаби туршрӯи боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад.

Дар чунин кулбаи фақирона
Бо дили рост модарам дорост.
Кӯдаконаш ба ҳар куҷо рафтанд,
Монда дар кунҷи хонае танҳост.

Шояд ӯ бо умеди афви гуноҳ
Рамазон асту рӯза медорад?
Вақти ифтор чак-чаки шибдор
Ҳеҷ бар гӯши ӯ намефорад?

Ё ки дар ҷонамози фарсуда
Зикри Аллоҳ мекунад дар дил?
Ё зи парвардигор мехоҳад,
Ки зи ҷаннат диҳад варо манзил?...

Буд вақте ки модари пирам
Тозарӯ буд, милаи тар дошт.
Милааш дошт бӯи ҷурғотӣ,
Ҳайдарии хазинаи зар дошт.

Остини фарох то оринҷ
Барзада бо ҳазору як тадбир,
Гӯиё ҳаққи кӯдаконашро
Меситонд аз қаламкаши тақдир.

Субҳгоҳон чу гов медӯшид
Пушти ӯро ба меҳр молида,
Дохили ширдӯша меафтод,
Милаҳояш зи шона лағжида.

Ҳар гаҳе дар танӯри бозудор
Кулчаҳои башир мечаспонд,
Сари мижгону абрувонашро
Лахчаҳои танӯр месӯзонд.

Ширбӯ дастҳои ӯ шабҳо
Ба сарам нарм-нарм мелағжид.
Бесухан пилкҳои чашми маро
Ба сари панҷаҳош мемолид.

Чи қадар дар дилам таманно буд,
Лек аз содагӣ намегуфтам.
Ҳамчунон дасти ӯ ба рӯи дилам
Вассаҳоро шумурда мехуфтам.

Боз дар ин шабони боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Чак-чаки шифт... шиддати борон...
Дар дилам оламе ба дод омад.

Модарам! Модари биҳиштиям!
Ҷои ту дар биҳишт таъйин аст,
Лек ҳоло, ки мечакад бомат,
Ман надонам, чӣ рӯзи сангин аст.

Модарам! Модари биҳиштиям!
Нестӣ ту аз он пушаймонҳо.
Тирборон накушт агар моро,
Нест боке зи барфу боронҳо!

Модарам! Модари биҳиштиям!
Зиндагӣ гаҳ ба хеш мегиряд.
Бар замин осмони бепоя
Гаҳ ба ҳоли пареш мегиряд.

Модарам! Модари биҳиштиям!
Осмон боиси чӣ гирён аст?
Ашки ту бас набуд, ки дар дунё
Боз борону боз борон аст?..

1978

Шибдор – шифт-дор, яъне чӯби шифти хона, саҳеҳтараш шифти хона, сақфи хона.

* * *

Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам,

                                               ки дар гирдоби тақдирам.
Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз.

Дилам хоҳад дуоятро –
Ду дастатро чу ду боли парастуҳо
Ба сӯи қибла бикшода,
Худоро аз фалакҳо бар замин хонда,
Гуселам кардаӣ бар роҳҳои дур,
Сипас аз пушти ман гирйистаӣ

                                               дар худ фурӯ монда...

Чӣ мепурсӣ?
Ту аз ман бештар медонӣ дунёрову қисматро,
Ту аз ман бештар медонӣ субҳу шоми давлатро.
Вале ман ҳар қадар аз ҳикмати дунё      сабақ хондам,
Китоби куҳнаву навро чу болин зери сар мондам,
Фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам,
Кашишҳои замину осмониро надонистам.

Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз
Ҳамчун кӯдаки парпеч хоҳам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту
Фақат афсӯс хоҳам хурд...

1980

Катибае дар пушти вопасин акси модарам, ки
Муҳиддин Олимпур бардоштааст

Қиблагоҳам!

Модари олампаноҳам!
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар
истодастӣ ҳанӯз.
Аз дару даргоҳи ман ҳарчанд рафтӣ зери хок,
Ҳамчунон тимсоли меҳру эътиқодастӣ ҳанӯз.
Пеши дар истодаӣ, эй модари чашминтизорам,
Эй сари сабзам, умеди зиндаам, субҳи баҳорам.
Пеши дар истодаӣ, гӯё саропо зиндаӣ,
Бо ҳамон наззораиву бо ҳамон лабхандаӣ.
Модароне будаанд афзун ба олам,

                                                                                  тифлаконе зодаанд,

Лек волотар зи модар будаӣ,
Будаӣ ҳам модару ҳам офаринанда,
Баски бо навзод тавъам шоире ҳам зодаӣ,
Шоире дилдодае, озодае.

Маншаи шеъри сафедам буда аз шири сафедат,
Модарам, баски сафедиҳо ҳама аз орзуҳои

                                                                                              сафеди туст.

Одамӣ гар орзуи зиндагӣ дорад,
Зиндагонӣ гар умеди боз ҳам пояндагӣ дорад,
Пояаш бар орзую бар умеди туст.

Қиблагоҳам!

Модари олампаноҳам!
Рафтаӣ гарчи зи дунёи дудар,
Дар сарат қарси сафед,
Дар рухат нури умед,
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодаӣ.

Пеши дар истодаӣ,
Гӯиё дар пешвози меҳмон омодаӣ.
Гӯиё дар остона,
Роҳпоӣ ҷовидона
Ҳам маро,
Ҳам аз тамоми рӯи дунё меҳмонҳои маро...

12.12.1985

ҚАСИДАИ МОДАР

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.

Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.

Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре,
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.

Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шуълаи нигоҳи толеънамои модар.

Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.

Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад –
Аз чор самти дунё ояд садои модар.

Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.

Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.

Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.

Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.

Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.

Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.

Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.

То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.

Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?

6.1.1983

РУБОИЁТ

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам,
Ман мӯи сафеди хешро бишморам.
Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад,
Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.

***   ***   ***

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

***   ***   ***

Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам –
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.

***   ***   ***

Модар, модар, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

***   ***   ***

Модар, модар! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

ДУБАЙТИҲО

Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

***   ***   ***

Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

***   ***   ***

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.

***   ***   ***

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

***   ***   ***

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

***   ***   ***

Дилам хоҳад, равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

***   ***   ***

Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

***   ***   ***

Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.

***   ***   ***

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз,
Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

***   ***   ***

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!