Аз аввали моҳи сентябр 2107 нафар аз толори кўдакон ва наврасон дидан карданд
Нашр шуд 2016-11-15 12:13
Аз аввали моҳи сентябри соли равон 2107 нафар хонандагону меҳмонон аз толори кўдакону наврасон дидан намуданд.
Ин бахш тобеъи шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба ҳисоб рафта, дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст ва дар он асосан хонандагони синни хурд ва миёнаи мактабӣ, ҳамчунин тарбиягирандагони боғчаҳои кӯдакона китоб мехонанд.
Аслан толори кӯдакон яке аз серхонандатарин толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ мебошад. Барои бачаҳои синни томактабиву синни хурди мактабӣ хеле мароқовар аст вуруд ба толори хонише, ки ҳар китобе агар дилашон мехоҳад пайдо ва мутолиа мекунанд.
Ин толори хониш ба сони як намоишгоҳи бузурги китоб аст, ки гирдогирди он бо номгӯи китобҳои зиёд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ, инглисиву олмонӣ оро ёфтааст.
Дар ин толор бачаҳо вобаста ба синну соли худ ба зудӣ ҳатто бе кӯмаки китобдорон метавонанд барои худ адабиёти шавқоварро пйдо кунанд. Танҳо як ишораи китобдор кофист, ки бачаҳо донанд барояшон аз кадом гӯша метавонанд китоб пайдо кунанд.
Ин толор танҳо толори хониш нест. Дар ин ҷо бозиҳои шавқовар мегузаранд, дидору мулоқот бо шоирону нависандагон, ҳунармандон баргузор мешаванд.
Шабакаҳои телевизионии икшвар беҳтарин барномаҳои худ дар бораи атфолро бо ширкати хонандагон маҳз дар ҳамин толор наворбардорӣ мекунанд. Вақти бачаҳо дар ин толор хеле хуш мегузарад.
Ин толор ҷойе дорад, ки бачаҳои синни томактабӣ барои худ машғулиятҳои ҷолиб меёбанд, бо бозичаҳои гуногун бозӣ мекунанд ва ҳамзамон китобҳои зебову суратдорро варақ мезананд.
Яъне, дар ин толор ҳам барои бозиву дилхӯшӣ, дидору мулоқот ва ҳам барои мутолиа ҳама шароитҳо муҳайёанд.