Хеле кутоҳ дар бораи Конститутсияи кишвар
Нашр шуд 2019-11-05 12:04
25 сол пеш 6-ноябри (соли 1994) барои тамоми мардуми тоҷик яке саннаҳои тақдир сози миллат буд, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 25 солагии онро ҷашн гирифтем. Сарнавишти имрӯзу фардои давлатамон маҳз дар ҳамин саннаи таърихи таҷассум ёфтааст.
Аз соли 1929 то ба имрӯз дар Тоҷикистон 5-маротиба Конститутсия дигар шудааст: солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994. Конститутсияи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба (26-сентябри соли 1999-ум ва 22-июни соли 2003-юм) бо роҳи райпурсии умумихалқи тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Конститутсия пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обруву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре,ки ба истиқлолияти давлат таҳдид мекард,шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда,барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ нигоҳ миллати тоҷик барои расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошт.
Меҳрангез Наврӯзшоева