Атфол дар бораи Артиши миллӣ чӣ медонанд ва чӣ туҳфае метавонанд ба муносибати ин ҷашнвора омода созанд? Ин суоле буд, ки масъулини Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ ба худ доданд ва хостанд донанд, ки воқеъан ҳам бачаҳо ин рӯзро чӣ гуна тасаввур мекунанд. Озмуни навбатии “Дастони моҳир”-ро ба ҳамин мавзуъ бахшиданд ва аз хонандагони толори китобхонӣ хостанд ҳарчӣ тасаввур аз ин рӯз доранд, дар коғаз кашанд ва ё агар мехоҳанд бозичае созанд, онро низ пешкаш кунанд. Мавзуъ шавқовар буд, барои ин аз ягон мактаб махсус касеро даъват накарда буданд, танҳо бо хонандагоне кор карданд, ки бо хости худ китобхонӣ омада буданд. Мураббиёни Китобхона ҳамаи расмҳои кашида ва ашёи офаридаи хурдсолонро гирд оварданд ва аввал дар намоиш гузоштанд, сипас ба телевизиони “Баҳористон” пешкаш карданд. Акнун тибқи нақшаи ширкати телевизионии “Баҳористон” ғолибони ин озмун ба ин ё он сайёҳатгоҳи дохили кишвар роҳхат дарёфт хоҳанд кард.