“Арчаи солинавии мо”
Нашр шуд 2016-12-30 19:01
Чунин ном дошт мавзуъи суҳбати навбатии маҳфили “Дастони моҳир”, ки ахиран дар толори хониши кӯдакон баргузор шуд.
Ҳамчуноне аз номаш пайдост, ҳадаф истиқболи Соли нави масеҳӣ ва ба хонандагон фаҳмонидани фалсафаи ҷашни Соли нав бо арчаи сарсабз буд.
Чун анъана дар толор вобаста ба ҷашну маросимҳо бачаҳои зирак ҳошиши омода намудани ҳар гуна бозичаҳоро мекунанд ва ин талабу хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта, масъулин онҳоро роҳнамоӣ карданд.
Мураббӣ пеш аз омода намудани бозичаҳои солинавӣ аз таърихи соли нави милодӣ суол кард ва ба пурсишҳои хонандагон посух ҳам дод.
Дар идома ба онҳо сохтани арчаи солинавӣ аз коғазҳои ранга тавсия шуд ва баъди он ки арча сохта шуд, Барфакро сохтанд.
Баъдан тирезаҳои толорро бо ин барфаку арчаи сабзашон оро доданд. Ҳамзамон бачаҳо рамзҳои рангу намудро фаҳмиданд, барояшон хеле ҷолиб буд, ки арчаи солинавӣ танҳо ин як ниҳоли сарсабз нест, балки рамзи сарсабзии ҳаёт аст.