Муродбеки Матлаб: Ҳадафам ин набуд, ки шоҳҷоиза гирам..
Нашр шуд 2019-12-16 14:30
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба анҷом расид. Рӯзҳое, ки озмун идома дошт, бо чанде аз ширкаткунандагони он ҳамсуҳбат шуда будем. Ва чун масъулиятҳое дар озмун дар пазироиву гусели меҳмонон доштем, фурсат нашуд, ки бахше аз он суҳбатҳоро сари вақт нашр кунем. Гумон мекунем ҳеч вақт дер ҳам нест. Бо анҷоми озмун ва эълони ғолибон муруре ба суҳбатам бо ширкаткунанда аз ноҳияи Айнӣ Муродбеки Матлаб кардам ва онро бо андаке ихтисор ин ҷо меорам. Муродбек хонандаи мактаби № 13 ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад ва чуноне худ иброз дошт, дар номнинатсияи назму насри муосир ширкат кардааст. Вай дар ҳамон суҳбат, ки рӯзи чоруми озмун доир шуда буд, гуфт, ки ҳадафаш ин нест, ки пирӯз бошад, балки фаҳмидани ҳадди дониши худ аст.
- Мақсади иштироки ман дар озмуни мазкур ғолиб омадан нест, мақсад аз иштироки ман дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» донишу маҳорати худро санҷидану боз ҳам сайқал додани он буд. Ман шод аз он ҳастам, ки дар давоми ин озмун бисёри чизҳоро аз худ намудам. Ва он шахсиятҳои ҷумҳуриямонро ки дар рушди адабиёт саҳми назаррас доранд ва мо онҳоро таввасути оинаи нилгун медидем ва ашъорашонро аз рӯзномаву маҷалаҳову китобҳо мехондем, имӯз мо дар рӯ ба рӯяшон истода саволу ҷавоб мекунем ва мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳар як саволи онҳо посухи дуруст диҳем.
- Ба ҳайати ҳакамон чӣ миқдор асарҳо пешниҳод кардед ва дар кадом доира бо шумо суҳбат карданд?
- Ман зиёда аз 200 ғазал ва 162 то китоби бадеӣ пешниҳод намудам ва вақте аъзои ҳакамон аз рӯи варақаи пешниҳод шуда ғазалҳоямро ном мебурд онҳоро яке пайи ҳам ифоданок мехондам.
Гуфтед, ки бузургони адабиётамонро бори аввал рӯ ба рӯ медидед. Оё мушкил набуд ба суолҳои онҳо посух додан?
- Албатта барои ман осон набуд дар назди чунин олимони бузург баромад кардан. Вақте дар номинатсияи адабиёти муосир иштирок мекардам, ҳарчанде хуб тайёрӣ дида будам, вале маро ҳисиёте фаро гирифт ва каме парешон шуда хомӯш мондам. Хушбахтона, бо ёрии устодон аз ин ҳолат ба хубӣ баромадам.
- Муродбек аз назари як ширкаткунанда оё ҳакамон одилонаву ҳакимона арзёбӣ мекунанд ё на?
- Шахсан ман дар ҳар як толорҳое, ки озмун гузашта истодааст, ба қадри имкон кушиш намуда истодам, ки дар вақти баромади рақибонам иштирок кунам ва бо боварӣ гуфта метованам, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» комилан шафоф мегузарадт ва умедворам, ки ҷои аввал насиби касе мешавад, ки вақеъан сазовораш аст.
- Айни ҳол тамоми рақибони худро дидаед ва дар кадом сатҳ тайёр буданашонро ҳам фаҳмидед , омодагии худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Фикр мекунам ман барои сазовор шудани мақоми баланд бояд боз ҳам дониши худро хубтар сайқал диҳам, чунки иштирокчиёни имрӯзаро дида ба худ мақсад мондам, ки агар ҷои аввалро сазовор нагардам, руҳафтода намешавам ва аз соли оянда хубтар тайёри дида, дар озмуни мазкур иштирок менамоям.
- Ба андешаи шумо озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ба ҷомеъаи имрӯзаву ҷавонон чи гуна таъсир мерасонад?
- Хуб мешуд, ки чунин озмунҳо дар Тоҷикистони азизи мо бештар ташкил карда шаванд, чунки ба насли наврасу ҷавонони имрӯза таъсири мусбати худро мерасонад ва мо ҷавонон кӯшиш мекунем, ки аз ҳар гуна корҳои беҳуда канораҷӯӣ карда, бештар ба омӯхтани имлҳо машғул шавем. Бо истифода аз фурсат аз номи худам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос мекунам, ки ба мо наврасону ҷавонон чунин имконятҳо фароҳам намудаанд.
Суҳбати Меҳрангез Наврӯзшоева